Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони футболбози тоҷик ба сабқат шуруъ карданд


Дастаҳои занонаи футболи Тоҷикистон.
Дастаҳои занонаи футболи Тоҷикистон.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона, ки бори чаҳорум доир шуд, рӯзи шанбе, 15-уми май, бо панҷ бозӣ оғоз ёфт. Дар мавсими нав даҳ даста барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад.

Дар мусобиқаи имсола ҳафт даста аз вилояти Хатлон намояндагӣ мекунад: «Хатлон» (Бохтар), «Ҳосилот» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Чашма» (Шаҳритус), «Равшан» (Кӯлоб), «Бешкент» (Носири Хусрав) ва «Нушофарин» (Бохтар). Ду даста - «Суғд» ва «Конибодом» - аз вилояти Суғд ва як даста - «Зебонисо» - аз шаҳри Душанбе мебошанд.

Ба иттилои лигаи занонаи футболи Тоҷикистон дар даври аввали мусобиқа 15-уми май қаҳрамони феълии кишвар - «Зебонисо» - дар майдони худ «Бешкент»-ро бо ҳисоби 4:1 мағлуб кард. «Зебо» дастаи нави мусобиқа - «Нӯшофарин»-ро бо ҳисоби рекордии 18:0 шикаст дод. 11 гол ба Шукронаи Ҷумъахон марбут аст.

Инчунин дар даври аввал «Конибодом» ба «Чашма» бо ҳисоби 7:0, «Суғд» ба «Равшан» бо ҳисоби 4:3 ва «Хатлон» ба «Ҳосилот» бо ҳисоби 8:0 ғолиб шуданд.

Мусобиқаи қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои занона дар ду давра сурат мегирад ва ҳар даста 18 бозӣ анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, соли гузашта низ мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон бо иштироки даҳ дастаи занона сурат гирифта буд. “Зебонисо”-и Душанбе, ки ғолиби мусобиқа гардид, бо медалҳои тилло сарфароз гашт. Ба «Хатлон»-и Бохтар, ки мақоми дуюмро гирифт, медалҳои нуқра супурда шуд. «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ, ки мақоми сеюмро азони худ кард, медалҳои биринҷӣ гирифт.

Лигаи занонаи футболи Тоҷикистон-2021

Даври 1-ум

15-уми май (шанбе)

«Конибодом» – «Чашма» – 7:0

Голҳо: Фарзона Бобоева, 15 (1:0). Фарзона Бобоева, 38 (2:0). Ирода Ҷӯраева, 49 (3:0). Мунаввар Нарзиқулова, 58 (4:0). Ирода Ҷӯраева, 71 (5:0). Ирода Ҷӯраева, 77 (6:0). Ирода Ҷӯраева, 86 (7:0).

«Суғд» – «Равшан» – 4:3

Голҳо: Гулфайрӯз Ҳазратова, 6 (0:1). Рухшона Файзуллоева, 12 (1:1). Ҷонона Назарова, 26 (1:2). Рухшона Файзуллоева, 30 (2:2). Рухшона Файзуллоева, 40 (3:2). Рухшона Файзуллоева, 61 (4:2). Гулфайрӯз Ҳазратова, 89 (4:3).

«Зебо» – «Нӯшофарин» – 18:0

Голҳо: Шукронаи Ҷумъахон, 7 (1:0). Шукронаи Ҷумъахон, 10 (2:0). Рафоат Қувватова, 20 (3:0). Рафоат Қувватова, 21 (4:0). Шукронаи Ҷумъахон, 28 (5:0). Шукронаи Ҷумъахон, 32 (6:0). Муниса Гулова, 35 (7:0). Мавҷуда Сафарова, 38 – аз пеналти (8:0). Рафоат Қувватова, 52 (9:0). Шукронаи Ҷумъахон, 55 (10:0). Шукронаи Ҷумъахон, 60 (11:0). Шукронаи Ҷумъахон, 62 (12:0). Зулайхо Сафарова, 63 (13:0). Зулайхо Сафарова, 65 (14:0). Шукронаи Ҷумъахон, 66 – аз пеналти (15:0). Шукронаи Ҷумъахон, 75 (16:0). Шукронаи Ҷумъахон, 82 (17:0). Шукронаи Ҷумъахон, 88 (18:0).

«Зебонисо» – «Бешкент» – 4:1

Голҳо: Марҷона Саидова, 25 (1:0). Нилуфар Аллаёрова, 35 (1:1). Сайёра Саидова, 52 (2:1). Некӯбахт Худододова, 67 (3:1). Сайёра Саидова, 87 (4:1).

«Ҳосилот» – «Хатлон» – 0:8

Голҳо: Сабрина Одинаева, 12 (0:1). Лайло Ҳалимова, 25 (0:2). Сабрина Одинаева, 39 (0:3). Сабрина Одинаева, 55 (0:4). Лайло Ҳалимова, 63 (0:5). Лайло Ҳалимова, 79 (0:6). Лайло Ҳалимова, 81 (0:7). Лайло Ҳалимова, 88 – аз пеналти (0:8).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Зебо» (Дӯстӣ)

1

1

0

0

18-0

3

2

«Хатлон» (Бохтар)

1

1

0

0

8-0

3

3

«Конибодом» (Конибодом)

1

1

0

0

7-0

3

4

«Зебонисо» (Душанбе)

1

1

0

0

4-1

3

5

«Суғд» (Суғд)

1

1

0

0

4-3

3

6

«Равшан» (Кӯлоб)

1

0

0

1

3-4

0

7

«Бешкент» (Бешкент)

1

0

0

1

1-4

0

8

«Чашма» (Шаҳритус)

1

0

0

1

0-7

0

9

«Ҳосилот» (Фархор)

1

0

0

1

0-8

0

10

«Нӯшофарин» (Бохтар)

1

0

0

1

0-18

0

Нишонзанҳо: Шукронаи Ҷумъахон («Зебо») – 11 тӯб, Лайло Ҳалимова («Хатлон») – 5 тӯб, Рухшона Файзуллоева («Суғд») – 3 тӯб.

XS
SM
MD
LG