Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қайиқрони тоҷик Шаҳриёр Даминов барои роҳхати олимпӣ талош дорад


Шаҳриёр Даминов.
Шаҳриёр Даминов.

Шаҳриёр Даминов, варзишгари маъруфи тоҷик, дар марҳилаи дуюми Ҷоми ҷаҳонии каноэ, ки рӯзҳои 20-23-юми май дар шаҳри Барнаули Русия баргузор мешавад, ширкат меварзад. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, варзишгароне, ки дар шаш навъи рақобатҳо – С-1 200 метр, К-1 200 метр, К-1 500 метр (занон), К-1 200 метр, К-1 1000 метр, С-1 1000 метр (мардон) – ҷойҳои аввалро мегиранд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио мешаванд.

Шаҳриёр Даминов, ки барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош дорад, дар рӯзи аввали мусобиқа дар қайиқронӣ дар каноэи якнафарӣ (С-1) ба масофаи 1000 метр рақобат мекунад.

Дар марҳилаи дуюми Ҷоми ҷаҳонии каноэ иштироки беш аз 400 варзишгар аз 58 кишвар дар назар аст.

Ёдовар мешавем, Шаҳриёр Даминов, моҳи октябри соли 2019 дар шаҳри Шаосинги Чин дар қаҳрамонии Осиё оид ба қайиқронӣ дар каноэи якнафарӣ миёни мардон бо ду медал - як нуқра ва як биринҷӣ - мукофотонида шуд. Ӯ дар қайиқронӣ дар каноэи якнафарӣ (С1) ба масофаи 3600 метр бо натиҷаи 18 дақиқаю 23,70 сония ҷойи дувумро соҳиб шуд ва медали нуқра гирифт.

Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ (С1) ба масофаи 25,90 километр бо натиҷаи 2:18:47.86 соҳиби медали биринҷии қаҳрамонии Осиё гардид.

Шаҳриёр моҳи августи соли гузашта дар шаҳри Душанбе дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр миёни мардон бо натиҷаи 4:03 мақоми аввалро касб намуд.

XS
SM
MD
LG