Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киҳо дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳои дӯстона бо Ироқу Тайланд омода мешаванд?


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон.

Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо раҳбарии Усмон Тошев рӯйхати бозигаронеро эълон кард, ки барои омодагӣ ба бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Ироқ (24-уми май, Басра) ва Тайланд (29-уми май, Дубай) даъват карда мешаванд. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз 25 бозигар иборат хоҳад буд – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар.

Ба тими миллии кишвар ҳафт легионер даъват шудааст: ҳимоятгарон - Давронҷон Эргашев (“Бунёдкор”, Узбекистон), Табрези Давлатмир (“Нарва Транс”, Эстония), нимҳимоятгарон - Парвизҷон Умарбоев (“Локомотив”, Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе (“Навбаҳор”, Узбекистон), Комрон Турсунов (“ТРАУ”, Ҳиндустон), ҳамлагарон - Шериддин Бобоев (“Пенанг”, Малайзия) ва Шаҳром Самиев (“Динамо-Авто”, Молдова).

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳои дӯстона 20-уми май дар Душанбе шуруъ мекунад. 22-юми май даста барои бозии дӯстона бо тими миллии Ироқ ба Басра сафар хоҳад кард. Пас аз ин бозӣ мунтахаби Тоҷикистон ба Имороти Муттаҳидаи Араб меравад дар Шарҷа бо тими миллии Тайланд бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Баъдан тими миллии Тоҷикистон ба Осакаи Ҷопон сафар мекунад ва дар он ҷо ду бозии боқимондаашро дар доираи марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили дастаҳои мунтахаби Ҷопон (7-уми июн) ва Мянмар (15-уми июн) баргузор мекунад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона муқобили тимҳои миллии Ироқ (24-уми май) ва Тайланд (29-уми май)

Дарвозабонҳо:
Рустам Ятимов («Истиқлол»)
Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»)
Шоҳрух Қирғизбоев («Кӯктош»)

Ҳимоятгарон:
Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон)
Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония)
Аҳтам Назаров («Истиқлол»)
Ваҳдат Ханонов («Истиқлол»)
Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»)
Зоир Ҷӯрабоев («Истиқлол»)
Алиҷон Кароматуллозода (ССКА)

Нимҳимоятгарон:
Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон)
Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон)
Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон)
Алишер Ҷалилов («Истиқлол»)
Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»)
Ислом Зоиров («Истиқлол»)
Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»)
Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»)
Хусрав Тоиров («Динамо», Душанбе)
Алиҷони Айнӣ (озод)

Ҳамлагарон:
Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия)
Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова)
Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»)
Рустам Соиров («Истиқлол»)
Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»)

Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).

XS
SM
MD
LG