Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Хуҷанд” ва “Равшан” аз ҳаққи мубориза барои Ҷоми AFC-2021 маҳрум шуданд


Бозигарони дастаи "Хуҷанд"

Дастаҳои "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд ва "Равшан"-и Кӯлоб, ки дар марҳилаи гуруҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 ноком шуданд, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқа маҳрум гаштанд.

“Хуҷанд” дар даври дуюми марҳилаи гуруҳии Ҷоми AFC-2021 дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи “F”, ки шаби 17-уми май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, аз бошгоҳи “Насаф”-и Қаршӣ, ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Узбекистон, бо ҳисоби бузурги 0:3 шикаст хӯрд.

Ҳар се гол дар нимаи аввали дидор зада шуд. Ҳисобро Акмал Мозговой дар дақиқаи 10-ум кушод. Баъди 32 дақиқа Ҳусниддин Алиқулов голи дуюми “Насаф”-ро ба самар расонид. Дар дақиқаи 45+1 Шерзод Насруллоев тӯби сеюмро ба дарвозаи ”Хуҷанд” ворид кард.

Дар бозии дигари даври дуюми мусобиқа дар гурӯҳи “F” рӯзи 17-уми май “Олтин Асир”-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон бар “Олой”-и Ӯш, барандаи Ҷоми Қирғизистон, бо ҳисоби 5:4 ғолиб омад. Бозии пургол хеле ҷолибу пуршиддат сурат гирифт. Дар дақиқаи 90-ум ҳисоб баробар 4:4 шуд. Голи ҳалкунандаро Олтимурод Аннадурдиев, беҳтарин нишонзани “Олтин Асир”, дар замони изофа (90+3) зад ва дастаашро ғолиб кард.

Ҳамин тариқ, дар гуруҳи “F” дастаи “Насаф” бо 6 имтиёз дар мақоми аввал ва “Олтин Асир” бо 4 имтиёз дар мақоми дуюм қарор доранд. Дар даври охирини марҳилаи гуруҳӣ ҳарду даста бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Бозии ҳалкунанда рӯзи 20-уми май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегардад. Футболбозони узбекро барои ғолиби гуруҳ шудан дар бозӣ муқобили “Олтин Асир” натиҷаи мусовӣ қаноатманд мекунад. Вале ба футболбозони туркман барои ба даври баъдӣ роҳ пайдо кардан танҳо ғалаба зарур аст.

Дар бозии охирини гуруҳи “F” 20-уми май дастаи “Хуҷанд” бо раҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо тими “Олой”-и Қиризистон, ки сармураббиаш мутахассиси тоҷик Нуъмонҷон Юсупов мебошад, рақобат мекунад. Аммо натиҷаи ин бозӣ ба тақдири роҳхати ягона ба даври баъдии мусобиқа ҳеҷ гуна таъсир гузошта наметавонад.

Ҳамзамон дастаи "Равшан"-и Кӯлоб дар мусобиқаи Ҷоми AFC-2021 дар гурӯҳи "E" дар Бишкек ширкат дорад. Рақибони “Равшан” қаҳрамони Қирғизистон - "Дордой" ва ноиби қаҳрамони Туркманистон - "Аҳал" мебошанд.

Дар даври дуюми сабқати ин гуруҳ рӯзи душанбеи 17-уми май дастаи «Аҳал»-и Туркманистон тими мизбон - «Дордой»-и Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ду голи Александр Мишенко дар нимаи аввали дидор ва Элман Тағоев дар нимаи дуюм ба футболбозони туркман пирӯзӣ овард.

Дастаи “Равшан", ки дар аввалин даври мусобиқа дар гурӯҳи “Е” 14-уми май аз "Аҳал" бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуда буд, дар даври дуюм истироҳат кард.

Дар даври сеюм рӯзи 20-уми май бозии охирини ин гуруҳ байни дастаҳои «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Дордой»-и Қирғизистон доир мегардад. Вале натиҷаи ин бозӣ таъсиргузор нест. Зеро ки дастаи “Аҳал” бо 6 имтиёз ғолиби гуруҳ шуд ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт.

Ғолибони гуруҳҳои Минтақаи марказии Ҷоми AFC-2021 дар финали минтақавӣ, ки аз ду бозӣ иборат аст ва рӯзҳои 11-ум ва 25-уми август баргузор мешаванд, иштирок мекунанд.

Ҷоми AFC-2021

Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи "F"

Макон – Душанбе, Тоҷикистон

«Насаф» (Узбекистон)

«Олтин Асир» (Туркманистон)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон)

«Олой» (Қирғизистон)

Даври 1-ум

14 май (ҷумъа)

«Насаф» (Узбекистон) – «Олой» (Қирғизистон) – 4:0

Голҳо: Суҳроб Нуруллоев, 52 (1:0), Шоҳмалик Комилов, 59 (2:0), Ҳусейн Норчаев, 64 (3:0), Ҳусниддин Алиқулов, 75 (4:0).

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) – 1:2

Голҳо: Олтимурод Аннадурдиев, 15 (1:0), Артём Сердюк, 25 (1:1), Дилшод Бозоров, 41 (1:2), Олтимурод Аннадурдиев, 45, (2:2).

Даври 2-юм

17 май (душанбе)

«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 4:5

Голҳо: Ойбек Абдуғаффоров, 2 (0:1), Айдар Мамбеталиев, 29 (1:1), Олтимурод Аннадурдиев, 41 (1:2), Вазиргелдӣ Илёсов, 44 (1:3), Михаил Титов, 48 (1:4), Гуяҷмурод Аннақулиев, 72 (2:4), Фурқат Турсунов, 84 (3:4), Адилет Нурлан, 90 (4:4), Олтимурод Аннадурдиев, 90+3 – аз пеналти (4:5).

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Насаф» (Узбекистон) – 0:3

Голҳо: Акмал Мозговой, 10 (0:1), Ҳусниддин Алиқулов, 42 (0:2), Шерзод Насруллоев, 45+1 (0:3).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Насаф» (Узбекистон)

2

2

0

0

7-0

6

2

“Олтин Асир” (Туркманистон)

2

1

1

0

7-6

4

3

«Хуҷанд» (Тоҷикистон)

2

0

1

1

2-5

1

4

“Олой” (Қирғизистон)

2

0

0

2

4-9

0

Даври 3-юм

20 май (панҷшанбе)

17:00 «Насаф» (Узбекистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

21:05 – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Эзоҳ: бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Гурӯҳи «Е»

Макон – Бишкек, Қирғизистон

«Равшан» (Тоҷикистон)

«Дордой» (Қирғизистон)

«Аҳал» (Туркманистон)

Даври 1-ум

14-уми май (ҷумъа)

«Аҳал» (Туркманистон) «Равшан» (Тоҷикистон) – 3:1

Голҳо: Элман Тағоев, 14 (1:0), Элман Тағоев, 18 (2:0), Далер Шомуродов 52 – аз пеналти (2:1), Қурбон Аннаев, 63 (3:1).

Даври 2-юм

17-уми май (душанбе)

«Дордой» (Қирғизистон) «Аҳал» (Туркманистон) – 0:2

Голҳо: Александр Мишенко, 7 (0:1), Элман Тағоев, 78 (0:2).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Аҳал» (Туркманистон)

2

2

0

0

5-1

6

2

«Равшан» (Тоҷикистон)

1

0

0

1

1-3

0

3

«Дордой» (Қирғизистон)

1

0

0

1

0-2

0

Даври 3-юм

20-уми май (панҷшанбе)

19:00 «Равшан» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

Эзоҳ: бозӣ дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови Бишкек баргузор мешавад. Оғози бозӣ – бо вақти Душанбе.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG