Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз донишҷӯёни тоҷику қирғиз хостанд, ки бе нигаронӣ таҳсилро давом диҳанд


Бинои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо пахши баёния аз донишҷӯёни тоҷику қирғиз, ки дар кишварҳои ҳамдигар таҳсил мекунанд, хост, ба овозаҳо дода нашаванд.

Дар изҳороти Вазорати маорифи Тоҷикистон, ки рӯзи 12-уми май пахш шуд, аз “ҳамсоягии нек” ва “ҳамзистии осоиштаи ду халқи бародар” ёд шуда, аз донишҷӯёни тоҷику қирғиз хоста шудааст, ки таҳсилашонро идома диҳанд. Изҳороти вазорат дар пайи он нашр шуд, ки пас аз муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, баъзе аз донишҷӯёни тоҷик таҳсили худро дар кишвари ҳамсоя қатъ карда, ба ватан баргаштаанд.

Муовини ректор даъват карда, гуфт, агар касе ба Шумо ягон чиз гӯяд, ба мо муроҷиат кунед. Шумо бо квота омадаед, мо даъват кардаем. Зиқ нашавед, ҷангҳо ҳам хомӯш мешаванд.
Азизбек Тешабоев

"Ба ҳама нишон медод, ки..."

Баёнияи Вазорати маориф дар ҳоле пахш мешавад, ки баъзе аз донишҷӯёни тоҷик гуфтанд, маҷбур шудаанд, пеш аз анҷоми таҳсил ба ватан бозгарданд. Нуриддин Илёсов, донишҷӯи риштаи дандонпизишкии Донишгоҳи Ӯши Қирғизистон яке аз онҳост.

Ба иддаои ин донишҷӯ, як рӯз баъд аз муноқишаи хунин нисбат ба донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон "бадбинӣ оғоз шуд" ва ӯву ҳафт ҳамдарсаш маҷбур шуданд, таҳсилро қатъ кунанд. Нуриддин Илёсов афзуд, баъд аз муноқишаҳои марзӣ, аз сӯи мақомоти Қирғизистон ҳеч фишоре надидаанд, аммо сокинони мулкӣ дар кӯчаву бозор ва ҳатто дар гузаргоҳ нисбат ба онҳо бадбинӣ мекарданд.

“Дар вақти бозгашт дар назди гузаргоҳи марзӣ сокинони Қирғизистонро дидам, ки бо либоси варзишӣ истода буданд. Як мард навори одамони кушташударо нишон дода, мегуфт, ҷавоби инҳоро медиҳад, наход мусалмон мусалмонро кушад. Омада гуфтанд, ки узбекҳо ва тоҷикон алоҳида истед. Шаҳрвандонаш ин хел фармон медиҳанд, милисаҳояш дар ҳамон ҷой ҳастанд, вале гап намезананд", -- нақл кард ӯ.

“Мо ҳамеша бехатарии онҳоро назорат мекардем”

Ба монанди Нуриддин Илёсов чанд донишҷӯи дигар ба дунболи задухӯрд дар марз, аз фишор дар Қирғизистон шикоят карданд. Хабарҳое ҳам расонаӣ шуд, ки ҷониби Қирғизистон 42 шаҳрванди Тоҷикистонро аз қаламраваш ихроҷ кардааст.

Вале мақомоти Қирғизистон ин хабарҳоро рад карда, гуфтанд, касе донишҷӯёни тоҷикро ихроҷ ва ҳатто ба онҳо фишор наовардааст. Эрнист Осмонбоев, намояндаи хадамоти матуботи Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон, ҳафтаи гузашта дар суҳбат ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Қирғизистон беасос дониста, гуфт, онҳо бо хоҳиши худашон аз кишвар берун шудаанд.

Назира Тилекова, декани факултаи таърихи Донишгоҳи узбекӣ-қирғизии шаҳри Ӯш, ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз муноқиша дар марз онҳо бехатарии донишҷӯёни тоҷикро зери назорати худ гирифтанд.

“Баъд аз ҳодиса дар марз макони ҷойгиршавии донишҷӯёни тоҷикро аниқ карда, ба воситаи роҳбарони гуруҳашон бехатарии онҳоро назорат мекардем. Роҳбарони гуруҳ дар ин самт кори худро идома медиҳанд”, -- гуфт Назира Тилекова.

"Гуфтанд, ки агар касе чизе гӯяд, ба мо муроҷиат кунед"

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, феълан 2080 донишҷӯи тоҷик дар Қирғизистон таҳсил мекунанд. Донишҷӯёни қирғиз дар Тоҷикистон 105 нафар будаанд.

Донишҷӯёни Қирғизистон, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд, гуфтанд, баъд аз муноқиша дар марз, масъулин дар бораи бехатарии онҳо мепурсиданд. Азизбек Тешабоев, донишҷӯи риштаи забони хитоии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аслан тоҷик аст ва аз ноҳияи Қадамҷойи вилояти Ботканд бо квота барои таҳсил ба Тоҷикистон омадааст. Мегӯяд, пас аз муноқишаи марзӣ, фишору бадбиние надиданд, аммо масъулини донишгоҳ чанд дафъа дар бораи бехатариашон пурсиданд.

“Муовини ректор даъват карда, гуфтанд, ки агар касе ба Шумо ягон чиз гӯяд, ба мо муроҷиат кунед. Шумо бо квота омадаед, мо Шуморо даъват кардем. Зиқ нашавед, ин ҷангҳо ҳам ором мешаванд”, -- гуфт Азизбек Тешабоев.

Сояи муноқишае, ки ба сари мардум вазнинӣ мекунад

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон то ҳол расман нагуфтаанд, ки чӣ қадар донишҷӯёни тоҷику қирғиз баъди муноқишаи марзӣ таҳсилро қатъ карда, ба кишварҳояшон баргаштанд.

Асрор Соҳибқадамов муҳассили Академияи тиббии шаҳри Бишкек аст ва ҳамзамон дар бахши додани маълумотномаи COVID-19 кор мекунад. Соҳибқадамов мегӯяд, баъд аз 30-юми апрел донишҷӯёни зиёди тоҷик барои бозгашт ба ватан маълумотномаи COVID-19 мепурсиданд.

“Вақте аз онҳо пурсидам, ки барои чӣ ба хона меравед, ҷавоб доданд, ки падару модар занг зада мегӯянд, баргардед. Онҳо тарсидаанд, ки баъди ҳодисаи марз ягон воқеаи калон нашавад. Рӯзҳои 5 ва 11-уми май парвоз буд ва бештари донишҷӯёни тоҷик ба ватан баргаштанд”, -- афзуд Асрор Соҳибқадамов.

Сояи муноқишаи ахир дар марз зоҳиран барои сокинони ҳарду тараф вазнинӣ мекунад. Чун донишҷӯён ягона гуруҳе нестанд, ки аз пайомади муноқишаи рӯзҳои 28 ва 29-уми май ранҷ мекашанд. Ахиран гуруҳе аз ширкатҳои боркашонии Тоҷикистон шикоят карданд, ки мақомоти қирғиз ба онҳо иҷозаи озодона убури хокашонро намедиҳанд. Айни ҳамин шикоятро ҷониби Қирғизистон низ дорад.

Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел рӯй дод. Бишкеку Душанбе якдигарро ба ҳамлаи мусаллаҳона муттаҳам кардаанд ва ҳоло ба таври ҷудогона ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ҷанҷоли марзӣ 19 кас кушта ва 87 кас захмӣ шудаанд. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтаанд.

Бархе донишҷӯёни тоҷик ба монанди Нуриддин Илёсов ҳоло умед доранд, ки вазъият пурра мисли пештара мешавад ва онҳо имкон пайдо мекунанд, ки ба макони таҳсилашон баргарданд.

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG