Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулсунбӣ Шарифова меъёри олимпиро дар давидан ба масофаи 200 метр иҷро кард


Варзишгари тоҷик Гулсунбӣ Шарифова дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Узбекистон меъёри муқарраршудаи олимпиро дар давидан ба масофаи 200 метр иҷро кард ва дар мавриди тасдиқи он аз ҷониби Созмони ҷаҳонии варзиши сабук соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мешавад. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ба хотираи Геннадий Арзуманов, ки рӯзҳои 14-15-уми май дар урдугоҳи Федератсияи варзиши сабуки Узбекистон баргузор шуд, варзишгарони тоҷик 6 медал – 4 тилло ва 2 биринҷӣ – ба даст оварданд.

Гулсунбӣ Шарифова ба ғайр аз он ки дар давидан ба масофаи 200 метр бо натиҷаи 22.72 сония медали тилло гирифт ва меъёри олимпиро (22.80 сония) ба ҷо овард, дар давидан ба масофаи 100 метр низ бо натиҷаи 11.41 сония мақоми аввалро касб намуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Фаворис Музрапов дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардон ғолиб шуд. Ӯ ин масофаро дар муддати 10.70 сония тай кард. Фаворис, ҳамчунин дар давидан ба масофаи 200 метр бо натиҷаи 22.07 сония бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Боз як медали тиллоро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Алишер Пулотов дар давидан ба масофаи 400 метр бо монеаҳо бо натиҷаи 52.96 сония соҳиб шуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Одилшоҳ Исматов, ки дар давидан ба масофаи 800 метр бо натиҷаи 1:53.65 ҷои сеюмро ишғол кард, медали биринҷӣ ба даст овард.

Зимнан, то ҳоло ду варзишгари тоҷик – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев – ҳарду дар риштаи бокс ба Бозиҳои олимпии Токио, ки аз 23-юми июл то 8-уми августи имсол баргузор мешавад, роҳхат гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG