Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии меҳмонон дар даври сеюми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон


Аз шаш бозии даври сеюми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон панҷтоаш бо пирӯзии меҳмонон ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ба анҷом расид.

Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон, дастаи «Ҳосилот»-и Фархор, ки пайиҳам се пирӯзӣ ба даст овард, дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал қарор дорад. «Ҳосилот» дар даври сеюм дар меҳмонӣ «Пахтакор»-и Ҷаббор Расуловро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.

Дар бозии дигари даври гузашта «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ ба дарвозаи дастаи мизбон – «Исфара»-и шаҳри Исфара – панҷ голи беҷавоб зад. «Равшан»-и Зафаробод низ дар меҳмонӣ «Барқчӣ»-и Ҳисорро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. «Ҳулбук»-и Восеъ дар майдони худ аз “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.

“Душанбе”-и Душанбе дар сафар бар “Моҳир”-и Ёвон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Танҳо як бозӣ миёни дастаҳои «Саройкамар»-и Панҷ ва «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Ба ин тартиб, дастаи “Ҳосилот” бо 9 имтиёз дар ҷадвали мусобиқаи лигаи аввал пешсафи ягона шуд. “Панҷшер” бо 7 имтиёз дар ҷойи дуюм ва “Равшан” бо 6 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд.

Бозиҳои даври чоруми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 14-уми май, баргузор мешаванд.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 3-юм

«Барқчӣ» – «Равшан» – 1:3

Голҳо: Бахтиёр Зарипов, 9 (0:1). Умедҷон Давлатбеков, 34 (0:2). Бахтиёр Зарипов, 44 (0:3). Умедҷон Рамазонов, 76 (1:3).

Аз майдон хориҷ шуданд: Бахтиёр Зарипов («Равшан»), 49 – рафтори хашин, Зиёвуддин Фузайлов («Равшан»), 51 – қоидаи бозиро ба таври ҷиддӣ вайрон кардан, Мизроб Усмонов («Барқчӣ»), 72 – қоидаи бозиро ба таври ҷиддӣ вайрон кардан.

Беҳтарин бозигари дидор: Ҳасан Холов («Равшан»).

«Ҳулбук» – «Регар-ТадАЗ» – 1:2

Голҳо: Эмомалӣ Аҳмадхон, 20 (0:1). Насимҷон Соҳибназаров, 47 (1:1). Шерзод Маҳамадиев, 54 (1:2).

Аз майдон хориҷ шуд: Насимҷон Соҳибназаров («Ҳулбук»), 69 – барои ба рӯи ҳариф задан.

Беҳтарин бозигари дидор: Шерзод Маҳамадиев («Регар-ТадАЗ»).

«Моҳир» – «Динамо» – 1:2

Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 40 (0:1). Баҳровар Ҳалимов, 59 (0:2). Фахриддин Аҳтамов, 90+3 (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Меҳрубони Абдурауф («Динамо»).

«Пахтакор» – «Ҳосилот» – 1:2

Голҳо: Далер Чолов, 30 (0:1). Муҳаммадҷон Шерзода, 45+1 (0:2). Меҳроҷ Шарифзода, 89 – аз пеналти (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Далер Чолов («Ҳосилот»).

«Саройкамар» – «Ваҳдат» – 0:0

Аз майдон хориҷ шуд: Ҳоҷибек Шукуров («Саройкамар»), 87 – барои бо мушт ба рӯи сардовар задан.

Беҳтарин бозигари дидор: Умед Азизов («Ваҳдат»).

«Исфара» – «Панҷшер» – 0:5

Голҳо: Маҳмадшо Шомирсаидов, 17 (0:1). Шавкат Худойназаров, 53 – аз пеналти (0:2). Қурбонбой Шералиев, 54 (0:3). Маҳмадшо Шомирсаидов, 70 (0:4). Қурбоналӣ Сайфуддинов, 87 (0:5).

Беҳтарин бозигари дидор: Шавкат Худойназаров («Панҷшер»).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ҳосилот» (Фархор)

3

3

0

0

7-3

9

2

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

3

2

1

0

10-4

7

3

«Равшан» (Зафаробод)

3

2

0

1

8-3

6

4

«Ҳулбук» (Восеъ)

3

2

0

1

7-5

6

5

«Динамо» (Душанбе)

3

2

0

1

6-4

6

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

2

2

0

0

3-1

6

7

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

3

1

1

1

2-3

4

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

3

1

0

2

4-6

3

9

«Пахтакор» (Ҷаббор Расулов)

3

0

1

2

5-7

1

10

«Саройкамар» (Панҷ)

3

0

1

2

1-3

1

11

«Моҳир» (Ёвон)

3

0

0

3

3-9

0

12

«Исфара» (Исфара)

2

0

0

2

0-8

0

Даври 4-ум

14-уми май (ҷумъа)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Равшан» – «Динамо»

«Регар-ТадАЗ» – «Моҳир»

«Панҷшер» – «Ҳулбук»

«Ваҳдат» – «Исфара»

«Ҳосилот» – «Саройкамар»

«Барқчӣ» – «Пахтакор»

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG