Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санаи баргузории мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон-2021 муайян шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон аз 26-уми октябр то 6-уми ноябри соли 2021 дар Белгради Сербия баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, аз сабаби ба таъхир андохтани Олимпиадаи Токио-2020 ба соли 2021 ба иллати пандемияи коронавирус лозим омад дар гузаронидани мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон ислоҳот ворид карда шавад.

Дар аввал қаҳрамонии ҷаҳон-2021 мебоист дар Деҳлӣ баргузор мешуд, аммо шаҳр ӯҳдадориҳои молиявии худро дар назди AIBA иҷро накард ва Сербия ин мусобиқаро ба даст овард.

Белград бори дуюм дар таърихаш қаҳрамонии ҷаҳонро баргузор мекунад. Мусобиқаи қаблӣ соли 1978 доир шуда буд. Соли 2021 мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни занон низ баргузор мешавад. Макони онро AIBA баъдтар эълон хоҳад кард.

Пас аз муайян шудани санаи қаҳрамонии ҷаҳон-2021 миёни мардон Умар Кремлёв, президенти нави AIBA, гуфт, ки бокс сарфи назар аз вазъи душвор дар робита ба COVID-19 бояд рушд намояд.

"Мо бояд дар ин давраи мушкил муттаҳид шавем ва ба варзишгаронамон имкон фароҳам созем, ки дар сатҳи олӣ сабқат кунанд. Мо мутмаинем, ки бо дарназардошти татбиқи бомуваффақияти чораҳои мубориза бо COVID-19 дар давоми сол мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон бехатар баргузор хоҳад шуд", - гуфтааст президенти AIBA.

Зимнан, дар айни ҳол ду муштзани тоҷик - Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило ва Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило - ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио, ки аз 23-юми июл то 8-уми августи имсол баргузор мешаванд, омодагӣ мегиранд.

Қабл аз Олимпиада ҳарду дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки аз 21-уми май то 1-уми июн дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб доир мегардад, иштирок хоҳанд кард.

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё аз рӯи 10 дараҷаи вазнӣ миёни занон (48 кг; 51 кг; 54 кг; 57 кг; 60 кг; 64 кг; 69 кг; 75 кг; 81 кг; +81 кг) ва 10 дараҷаи вазнӣ миёни мардон (49 кг; 52 кг; 56 кг; 60 кг; 64 кг; 69 кг; 75 кг; 81 кг; 91 кг; +91 кг) сурат мегирад.

Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, барои иштирок дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2021 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар номнавис шудааст:

Занон
-51кг – Сумайя Қосимова
-51кг – Руҳафзо Ҳақназарова
-57кг – Миҷгона Самадова
-60кг – Шоира Зулқайнарова
-69кг – Нилуфар Бобоёрова

Мардон

-52кг – Иззатулло Алиев
-56кг – Бахтовар Сагизов
-60кг – Сомон Ҳабибов
-64кг – Баҳодур Усмонов
-69кг – Саидикром Амонов
-75кг – Мирзомуҳаммад Бахтиёр
-81кг – Шаббос Неъматуллоев
-91кг – Ҷасур Қурбонов
+91кг – Сиёвуш Зуҳуров

XS
SM
MD
LG