Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуштигирони тоҷик дар София аз роҳхатҳои олимпӣ бенасиб монданд


Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи ниҳоии интихобии ҷаҳонӣ оид ба гуштии варзишӣ, ки рӯзҳои 6-9-уми май дар Софияи Булғористон баргузор шуд, натавонистанд ба Бозиҳои олимпии Токио роҳхат бигиранд. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа панҷ варзишгар намояндагӣ кард. Се нафари онҳо - Муҳаммад Икромов (57 кг), Баҳодур Қодиров (86 кг) ва Искандари Рустам (125 кг) – дар намуди гуштии озод, ду нафар – Фирӯз Мирзораҷабов (60 кг) ва Далер Ризозода (77 кг) - оид ба гуштии юнониву румӣ рақобат карданд.

Тибқи низомномаи мусобиқа онҳое, ки дар ҳар вазн ба финал роҳ ёфтанд, ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Токио мушарраф гаштанд. Вале натиҷаҳои беҳтари гуштигирони тоҷик - Муҳаммад Икромов ҷои панҷум, Искандари Рустам ҷои ҳафтум ва Фирӯз Мирзораҷабов ҷойи нӯҳум мебошад.

Чунонки сомонаи расмии Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ хабар додааст, дар мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ дар София 474 варзишгар аз 84 кишвар ширкат дошт.

Бояд гуфт, ки дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи намуди гуштии варзишӣ 288 варзишгар (192 мард, 96 зан) аз тамоми ҷаҳон ширкат мекунанд ва аз рӯи 18 дараҷаи вазнӣ (гуштии озод - 6 вазн миёни мардон, 6 вазн миёни занон ва гуштии юнониву румӣ - 6 вазн миёни мардон) барои ҷоизаҳо талош хоҳанд кард.

Ҳамин тариқ, намояндагони 60 кишвар дар риштаи гуштии варзишӣ имкони иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо намуданд. Аз ҳама бештар варзишгарони Русия (17), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (15), Ҷопон (12), Эрон, Чин ва Қазоқистон (11) роҳхатҳои олимпиро ба даст оварданд.

Дар гуштии озод тимҳои Эрон ва Русия бо ҳайати мукаммал (6 нафар) ба Токио сафар мекунанд. Дар гуштии занона бошад, Чин, Ҷопон, Муғулистон, Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дастаи мунтахабашонро пурра карданд (6 нафар).

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG