Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомон дар "Kazan Grand Slam 2021" аз писарамакаш Маҳмадбек шикаст хӯрд


Сомон Маҳмадбеков ва Маҳмадбек Маҳмадбеков. Қазон, 6 май, 2021.
Сомон Маҳмадбеков ва Маҳмадбек Маҳмадбеков. Қазон, 6 май, 2021.

Дар ду рӯзи мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Kazan Grand Slam 2021”, ки дар пойтахти Тотористон - шаҳри Қазон ҷараён дорад, шаш варзишгари тоҷик дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи рақобатҳо маҳрум шуданд.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа - 6-уми май - Сомон Маҳмадбеков, ки дар вазни то 73 кило аз даври дуюм ба рақобат пардохт, Ҷалолиддин Бойназаровро аз Узбекистон шикаст дод. Дар «голден скор» паҳлавони узбек бо гирифтани сеюмин “шидо” (танбеҳ) аз ҷониби довари майдон мағлуб дониста шуд.

Сомон дар даври сеюм бо писарамакаш Маҳмадбек Маҳмадбеков, ки Русияро намояндагӣ кард, вориди рақобат шуд. Қувваозмоӣ дар муддати 1 дақиқаю 34 сония бо пирӯзии Маҳмадбек ба анҷом расид. Вай бо усули “хафа кардан” Сомонро шикаст дод ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт.

Зимнан, Маҳмадбек дар ин мусобиқа ҳамаи рақибонашро шикаст дода, ба финал баромад. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ Аюб Хоҷалиеви русиягиро мағлуб кард ва дар вазни то 73 кило бори аввал дар Grand Slam ғолиб шуд.

- Қувваозмоии ниҳоӣ ба чорякфинал монанд буд, ки дар он ман бо писарамакам вохӯрдам. Ману Сомон якҷоя ба воя расидаем ва дар як толори варзишӣ машқ мекунем. Бо Аюб ҳам ошно ҳастем. Ин варзиш аст. Имрӯз кори ман омад кард, аммо бовар дорам, ки дар оянда онҳо низ пирӯз хоҳанд шуд ”, - гуфт Маҳмадбек Маҳмадбеков.

Инчунин дар рӯзи дуюми мусобиқа Акмал Муродов дар вазни то 81 кило дар даври аввал бар Мурод Земурӣ аз Қатар ғалаба кард. Рақиби Акмал, ки се «шидо» гирифт, мағлуб дониста шуд. Вале дар даври баъдӣ Акмал бо гирифтани се “шидо” қувваозмоиро ба Аслон Лаппинагови русиягӣ бохт.

Ёдовар мешавем, дар нахустин рӯзи мусобиқа – 5-уми май - чаҳор паҳлавони тоҷик вориди сабқат шуда, ноком гаштанд. Абумуслим Қаюмзода дар вазни то 60 кило дар даври аввал аз гуштигири номдори русиягӣ Роберт Мшвидобадзе шикаст хӯрд.

Дар ин вазн Шаҳбоз Саидаброров низ дар даври муқаддамотӣ бо гирифтани се «шидо» аз Родриго Коста Лопеси португолӣ мағлуб шуд.

Алиҷон Сафаралиев дар вазни то 66 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм се “шидо”гирифт ва рақибаш Йессет Куанови қазоқ ғолиб гардид.

Дар ин вазн намояндаи дигари Тоҷикистон Баҳром Суфиев низ ба сабқат аз даври дуюм пардохт. Рақибаш Аюб Элидрисӣ аз Қатар буд. Ба Аюб барои камфаъолиятӣ се «шидо» дода шуд ва ӯ мағлуб гашт. Вале паҳлавони тоҷик дар ҷараёни рақобат дар даври баъдӣ муқобили гуштигири русиягӣ Арам Григорян бо гирифтани се «шидо» шикаст хӯрд.

Ба ин тартиб, аз ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шомиланд, шаш нафар рақобатҳои худро бебарор анҷом доданд.

Дар рӯзи охирини мусобиқа – 7-уми май - Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило бар асоси қуръакашӣ бо ғолиби ҷуфти Сансиро Мурао (Ҷопон) – Кирил Гроссклаус (Швейтсария) ба рақобат мепардозад.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи "Kazan Grand Slam 2021" 408 варзишгар (244 мард ва 164 зан) аз 79 кишвари панҷ қораи ҷаҳон ширкат меварзад.

Баъди натиҷагирии ду рӯзи мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 3 медали тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ дар мақоми аввал қарор дорад. Мунтахаби Ҷопон бо касби 2 медали тилло ва 1 биринҷӣ мақоми дувум ва мунтахаби Фаронса бо касби 1 медали тилло ва 1 нуқра мақоми севумро соҳиб шудаанд.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ ва ҷоизаҳои молӣ мешаванд. Барои мақоми аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дуюм 700 имтиёз ва барои ҷойҳои сеюм 500 имтиёз муқаррар шудааст. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Ин охирин мусобиқа аз “Силсилаи ҷаҳонӣ” пеш аз қаҳрамонии ҷаҳон ва Олимпиадаи Токио-2020 мебошад. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, ки рӯзҳои 6-13-уми июн дар Будапешти Маҷористон доир мегардад, иштирок хоҳанд кард.

Ғолибону ҷоизадорони ду рӯзи мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Kazan Grand Slam 2021”:

Мардон

-60 кг
1. ЧХВИМИАНИ Лухуми (Гурҷистон)
2. МШВИДОБАДЗЕ Роберт (Русия)
3. АБДУЛЛОЕВ Рамазоан (Русия)
3. СЮКЕНОВ Даурен (Қазоқистон)

-66 кг
1. ЧОПАНОВ Мурод (Русия)
2. МИНКУ Дмитрий (Беларус)
3. КУАНОВ Йессет (Қазоқистон)
3. ШАМИЛОВ Яъқуб (Русия)

-73 кг
1. МАҲМАДБЕКОВ МАҲМАДБЕК (Русия)
2. ХОҶАЛИЕВ Аюб (Русия)
3. СКВОРТСОВ Виктор (Имороти Муттаҳидаи Араб)
3. ТАТАЛАШВИЛИ Нугзарӣ (Гурҷистон)

-81 кг
1. УНГВАРИ Аттила (Маҷористон)
2. ХУБЕТСОВ Алан (Русия)
3. ФОТИЕВ Мурод (Озарбойҷон)
3. ЛИ Сунгҳо (Кореяи Ҷанубӣ)

Занон

-48 кг
1. ТОНАКИ Фуна (Ҷопон)
2. ДОЛГОВА Ирина (Русия)
3. ХУБУЛОВА Ирэна (Русия)
3. МИЛАНИ Франческа (Италия)

-52 кг
1. АБЕ Ута (Ҷопон)
2. ГНЕТО Астрид (Фаронса)
3. ПЕРЕС БОКС Ана (Испания)
3. СЧОП Евелин (Швейтсария)

-57 кг
1. РЕСЕВО Елена (Фаронса)
2. МЕЖЕТСКАЯ Даря (Русия)
3. ПЕРИСИК Марика (Сербия)
3. СТОЛЛ Тереза (Олмон)

-63 кг
1. ОЗДОБА-БЛАЧ Агата (Полша)
2. ҚУАДРОС Кетлейн (Бразилия)
3. ВОЛКОВА Екатерина (Русия)
3. ВЕРМЕЕР Санни (Ҳолланд)

-70 кг
1. ТАЙМАЗОВА Мадина (Русия)
2. СКОЧЧИМАРО Ҷованна (Олмон)
3. АРАИ Чизуру (Ҷопон)
3. БЕРНҲОЛМ Анна (Шведсия)

XS
SM
MD
LG