Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навбат барои маошу нафақа. Пули нақд дар банкоматҳои "Амонатбонк" камчин шудааст. ВИДЕО


Навбат барои гирифтани пул дар банкоматҳои "Амонатбонк"
Навбат барои гирифтани пул дар банкоматҳои "Амонатбонк"

Баъзе аз сокинон аз набудани пул дар банкоматҳои "Амонатбонк" дар Кӯлобу Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, аксарият маошу нафақаи худро ба воситаи ин бонки давлатӣ мегиранд, аммо наёфтани пул мардумро дар ҳолати ногувор гузоштааст.

Маошу нафақаи сокинон дар Тоҷикистон дар охири ҳар моҳ ба ҳисобҳояшон мегузарад. Мақомоти "Амонатбонк" дар минтақаи Кӯлоб гуфтанд, вазъи пешомада аз онҳо вобаста нест, вале шарҳ надоданд, ки мушкили техникӣ аст ва ё камбуди пули нақд.

Алам Ҳамидов, сокини шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, баъд аз чанд рӯзи ҷустуҷӯ дар як банкомати "Амонатбонк" пул ёфт, аммо барои гирифтани он бояд дар навбати дароз истад.

"Дарди дили мардумро шунаванд. Занҳои кӯдакдор аз субҳ то бегоҳ омада, дар навбат меистанд. Ҳамроҳи оилаҳоямон меоем, ки навбати касе пештар расад, пулро бигирем. Занҳо дар сафи алоҳидаву мардҳо дар сафи алоҳида меистанд", -- нақл кард ӯ.

Умеда Шарифова, сокини дигари Кӯлоб, мегӯяд, чанд рӯз ба ин тараф барои гирифтани пул аз деҳа меояд. Ӯ мехоҳад, алименти фарзандонашро бигирад: "Бовар мекунед ё не, рӯзе шудааст, ки чаҳор дафъа барои гирифтани пул омадаам. Мо ҳам зиндагӣ дорем, бояд аз пайи кори худ бошем. Наметавонем тамоми рӯз дар ин ҷо бимонем."

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Пули нақд дар банкоматҳои "Амонатбонк"-и минтақаи Кӯлоб камчин шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Дар ин қзаия Алам Ҳамидову Умеда Шарифова танҳо нестанд. Дар чанд рӯзи охир даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз набудани пул дар банкоматҳои "Амонатбонк" шикоят кардаанд.

Яке аз корбарон дар саҳифаи расмии бонк дар Фейсбук навиштааст, ки "ба банкоматҳоятон пул гузаронед, то мардум сарсон нашаванд ва боваратон кунанд", аммо ҳеч намояндаи бонк ба ин навишта посух надодааст.

"Аз рӯзи шанбе ба инҷониб дар банкоматҳои “Амонатбонк” дар шаҳри Душанбе пул нест. Бо шиноснома ва бо навбати тӯлонӣ пул медиҳанд”, -- шикоят кардааст корбари дигаре. Шахсе бо номи Некқадам дар Фейсбук гуфтааст, "дар шаҳри Бӯстон (Чкалов) низ чунин аст. Рӯзи шанбеву якшанбе банкоматҳои “Амонатбонк” тамоман пул надоранд. Мардум сарсону саргардон."

Яке аз муштариёни бонк мегӯяд, дар ин сурат маҷбур мешаванд, бо истифода аз хадамоти бонкҳои дигар пули худро бигиранд, вале дар ин миён чанд сомонии дигарро аз даст медиҳанд. Маошу нафақаи сокинон дар Тоҷикистон зиёд нест, вале иддае мегӯянд, тамоми танзими зиндагияшон аз он вобаста аст.

Дар идораи "Амонатбонк" дар минтақаи Кӯлоб сабаби кам будани пул дар хазинаҳояшонро кори Бонки Миллӣ донистанд, вале тавзеҳи бештар надоданд. Бонки Миллӣ ҳамеша гуфтааст, дархости бонкҳоеро, ки барои пули нақд саривақт муроҷиат мекунанд, қонеъ мекунад.

"Амонатбонк" бузургтарин бонки давлатии Тоҷикистон аст, ки дар саросари кишвар намояндагӣ дошта, масъули пардохти нафақаи бознишастагон ва дигар кумакҳои иҷтимоии давлатӣ аст. Сокинон мегӯянд, мушкили набудани пул на як бору ду бор рӯй медиҳад, аммо ин дафъа "каме тӯлонӣ шудааст".

Дар гузашта "Амонатбонк"-ро барои роҳ додан ба тақаллуб танқид кардаанд. Моҳи январи 2019 Палатаи ҳисоб баъзе аз кормандони "Амонатбонк"-ро ба дуздии маблағи буҷет ва пасандози муштариён муттаҳам кард. Масъулини Палатаи ҳисоб дар оғози имсол гуфтанд, дар пайи санҷиш ё аудит дар "Амонатбонк" беш аз 41 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст.

XS
SM
MD
LG