Даври дувуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд. Тимҳои «Ҳулбук»-и Восеъ ва «Ҳосилот»-и Фархор, ки дар даври дувум низ пирӯзӣ ба даст оварданд, дар ҷадвали мусобиқа пешсафанд.
Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон, «Ҳулбук» дар меҳмонӣ «Динамо»-и Душанберо бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард «Ҳосилот» низ бо ҳамин ҳисоб (3:1) дар майдони худ «Барқчӣ»-и Ҳисорро шикаст дод.
Дар бозии дигари даври дувум «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат бар дастаи меҳмон – “Пахтакор”-и Ҷаббор Расулов бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. «Равшан»-и Зафаробод дар майдони худ бар «Моҳир»-и Ёвон бо ҳисоби бузурги 4:0 ғолиб омад. “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ дар майдони худ «Саройкамар»-и Панҷро бо ҳисоби 2:1 ноком кард.
Ба ин тартиб, дастаҳои “Ҳулбук” ва “Ҳосилот” бо шашимтиёзӣ дар ҷадвали мусобиқаи лигаи аввал пешсафанд. Ба дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо восеъгиҳо мақоми аввал ва фархориҳо мақоми дувумро касб кардаанд. “Равшан”-и Зафаробод бо се имтиёз дар мақоми севум қарор дорад.
Бозиҳои даври севуми мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон рӯзҳои 6-7-уми май баргузор мешаванд.
Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон
Даври 2-юм
«Динамо» – «Ҳулбук» – 1:3
Голҳо: Насимҷон Соҳибназаров, 19 – аз пеналти (0:1). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 37 (1:1). Самариддин Расулов, 76 (1:2). Зарҳалшо Акрамов, 90+1 (90+1).
Беҳтарин бозигари дидор: Зарҳалшо Акрамов («Ҳулбук»).
«Ваҳдат» – «Пахтакор» – 2:1
Голҳо: Умедҷон Азизов, 45 (1:0). Далер Шарипов, 57 (1:1). Фирдавс Файззода, 78 (2:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Фирдавс Файззода («Ваҳдат»).
«Ҳосилот» – «Барқчӣ» – 3:1
Голҳо: Хайрулло Азизов, 34 (1:0). Давлатбек Акрамов, 41 (1:1). Хайрулло Азизов, 64 – аз пеналти (2:1). Муҳсин Мадуллоев, 82 (3:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Хайрулло Азизов («Ҳосилот»).
«Равшан» (З) – «Моҳир» – 4:0
Голҳо: Собирҷон Холматов, 44 (1:0). Ҳасан Холов, 67 (2:0). Хурсандмурод Ҷумъаев, 75 – аз пеналти (3:0). Собирҷон Холматов, 79 (4:0).
Беҳтарин бозигари дидор: Собирҷон Холматов («Равшан»).
«Панҷшер» – «Саройкамар» – 2:1
Голҳо: Насим Маматқулов, 25 (1:0). Маҳмуд Ғаюров, 27 (2:0). Маҳмадшариф Раҳматов, 47 (2:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Мухтор Ортиқов («Панҷшер»).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Ҳулбук» (Восеъ) |
2 |
2 |
0 |
0 |
6-3 |
6 |
2 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
2 |
2 |
0 |
0 |
5-2 |
6 |
3 |
«Равшан» (Зафаробод) |
2 |
1 |
0 |
1 |
5-2 |
3 |
4 |
«Динамо» (Душанбе) |
2 |
1 |
0 |
1 |
4-3 |
3 |
5 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
1 |
1 |
0 |
0 |
2-1 |
3 |
6 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
1 |
1 |
0 |
0 |
1-0 |
3 |
7 |
«Барқчӣ» (Ҳисор) |
2 |
1 |
0 |
1 |
3-3 |
3 |
8 |
«Ваҳдат» (Ваҳдат) |
2 |
1 |
0 |
1 |
2-3 |
3 |
9 |
«Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) |
1 |
0 |
0 |
1 |
1-2 |
0 |
10 |
«Саройкамар» (Панҷ) |
2 |
0 |
0 |
2 |
1-3 |
0 |
11 |
«Исфара» (Исфара) |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-3 |
0 |
12 |
«Моҳир» (Ёвон) |
2 |
0 |
0 |
2 |
2-7 |
0 |
Нишонзанҳо: Хайрулло Азизов («Ҳосилот») – 3 тӯб, Гурез Аслонов («Ҳулбук»), Абдулфаттоҳ Худойдодзода («Динамо»), Собирҷон Холматов («Равшан») – 2-тӯбӣ.
Даври 3-юм
6-уми май (панҷшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Барқчӣ» – «Равшан»
«Ҳулбук» – «Регар-ТадАЗ»
«Моҳир» – «Динамо»
7-уми май (ҷумъа)
«Пахтакор» – «Ҳосилот»
«Саройкамар» – «Ваҳдат»
«Исфара» – «Панҷшер»