Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон Федератсияи миллии теқбол таъсис ёфт


Ба Федератсияи теқболи Тоҷикистон, ки онро Вазорати адлияи кишвар ба қайд гирифт, Муҳаммадшо Абдуллозода, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ), роҳбарӣ мекунад. Дар ин бора сомонаи КМОТ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, бо дастгирии Федератсияи байналмилалии теқбол (FITEQ) ба ҷумҳурӣ мизҳои махсус барои ин бозии ҷадид ворид гардида, ба минтақаҳо, ба мактабҳои варзишӣ дастрас карда шуд.

Теқбол намуди варзиш аст, ки бо тӯб болои мизи хам бозӣ мекунанд. Он унсурҳои футбол ва тенниси рӯи мизро ҳамоҳанг кардааст. Дар ду тарафи миз бозигарон тӯби футболро бо ҳар куҷои бадан, ба ғайр аз даст, идора мекунанд. Дар теқбол мешавад ду нафар ё чор нафар байни ҳам бозӣ кунанд.

Дар сатҳи ҷаҳонӣ бозиро Федератсияи байналмилалии теқбол муаррифӣ мекунад. Бозӣ бисёр футболбозони машҳури ҷаҳонро ҷалб кард ва пас аз ворид шудани он ба барномаи Бозиҳои соҳилии Осиё-2021 ва Бозиҳои соҳилии Африқо, ҷиҳати дохил кардани он ба барномаи Бозиҳои олимпӣ роҳандозӣ шудааст.

Теқбол соли 2012 дар Маҷористон аз ҷониби се нафар алоқамандони футбол – собиқ бозигари касбӣ Габор Борсанӣ, тоҷир Дёрд Гатян ва олими соҳаи технологияи компютерӣ Виктор Ҳусар таъсис ёфт.

Идеяи бозии нав ба Габор Борсанӣ марбут аст, ки қаблан дар мизи теннис футбол бозӣ карда буд. Бинобар сабаби ҳамвор будани мизи теннис тӯб ҷониби бозигар намерафт, барои ҳамин бозӣ ҷолиб нанамуд. Борсанӣ фикр кард, агар миз каме хам бошад, интиқоли тӯб метавонад беҳтар шавад. Пас аз чанд соли коркард бо Виктор Ҳусар соли 2014 аввалин мизи теқбол омода карда шуд.

Ин намуди ҷолиби варзиш бори аввал 18-уми октябри соли 2016 аз ҷониби собиқ футболбози бразилӣ Роналдино дар Будапешти Маҷористон расман муаррифӣ гардид. Аввалин дастаи занонаи “BellaTeq” соли 2020 дар Калифорния таъсис ёфт.

Баъзе қоидаҳои теқбол:

дар теқбол тӯби маъмулии футбол, андозаи 5 расман тавсия дода мешавад,
мусобиқаҳои инфиродӣ (миёни ду нафар) ва ҷуфтӣ (миёни чор нафар) барпо мегардад,
бозӣ аз 3 сет иборат аст,
ҳар сет то вақте идома меёбад, ки яке аз бозигарон/даста 12 имтиёз ба даст биёрад,
дар вақти бозӣ расидан ба миз ва ҳариф манъ аст.

XS
SM
MD
LG