Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо "Kazan Grand Slam 2021" муайян шуданд


Комроншоҳ Устопириён. Акс аз бойгонӣ.

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Kazan Grand Slam 2021”, ки рӯзҳои 5-7-уми май дар шаҳри Қазони Тотористони Русия баргузор мешавад, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт варзишгар шомил аст.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи "Kazan Grand Slam 2021" иштироки 411 варзишгар (246 мард ва 165 зан) аз 80 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.

Тоҷикистонро дар сабқати мардон Шаҳбоз Саидаброров, Абумуслим Қаюмзода (ҳарду дар вазни то 60 кг), Баҳром Сӯфиев, Алиҷон Сафаралиев (ҳарду дар вазни то 66 кг), Сомон Маҳмадбеков (то 73 кг), Акмал Муродов (то 81 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг) намояндагӣ хоҳанд кард.

Имрӯз, 4-уми май, дар шаҳри Қазон қуръакашии мусобиқаи “Kazan Grand Slam 2021” доир гардид, ки рақибони паҳлавонони тоҷик дар марҳилаи муқаддамотӣ муайян шуданд:

вазни -60 кг. Даври 1-ум. Абумуслим Қаюмзода - Роберт Мшвидобадзе (Русия)

вазни -60 кг. Даври 1-ум. Шаҳбоз Саидаброров - Родриго Коста Лопес (Португалия)

вазни -66 кг. Даври 2-юм. Алиҷон Сафаралиев - ғолиби ҷуфти Есет Куанов (Қазоқистон) - Артур Те (Қирғизистон)

вазни -66 кг. Даври 2-юм. Баҳром Суфиев - Аюб Элидрисӣ (Қатар)

вазни -73 кг. Даври 2-юм. Сомон Маҳмадбеков - Ҷалолиддин Бойназаров (Узбекистон)

вазни -81 кг. Даври 1-ум. Акмал Муродов - Мурод Земурӣ (Қатар)

вазни -90 кг. Даври 1-ум. Комроншоҳ Устопириён - ғолиби ҷуфти Сансиро Мурао (Ҷопон) – Кирил Гроссклаус (Швейтсария)

Рӯзи аввали мусобиқа – 5-уми май – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон баргузор мешавад. Рӯзи дувуми мусобиқа – 6-уми май - гуштигирони вазнҳои -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа 7-уми май бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои сангин -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг миёни занон - ба поён мерасад.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ ва ҷоизаҳои молӣ мешаванд. Барои мақоми аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дувум 700 имтиёз ва барои ҷойҳои севум 500 имтиёз муқаррар шудааст. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Мусобиқаи "Kazan Grand Slam 2021" дар маҷмааи варзишии “Татнефт-Арена” баргузор мешавад. Ин қасри яхбандӣ соли 2005 ҳангоми таҷлили ҳазорсолагии Қазон ифтитоҳ ёфтааст. Минбарҳои маҷмаа барои 8900 тамошобин ҷойгоҳ дорад. “Татнефт-Арена” мизбони мусобиқаҳои бузурги ҷудо аз рӯи барномаи Универсиадаи тобистонаи соли 2013 ва қаҳрамонии Аврупо-2016 мебошад. Тибқи қоидаҳои “Роспотребнадзор”, мусобиқаи "Kazan Grand Slam 2021" бо ҳузури тамошобинон баргузор мешавад, ба шарте ки минбарҳо на бештар аз 50% пур бошанд.

Мусобиқот аз силсилаи “Grand Slam” дар феҳрист баъд аз Бозиҳои олимпӣ, қаҳрамонии ҷаҳон ва “Masters” мақоми чорумро ишғол мекунад ва дар байни мусобиқаҳое, ки соле зиёда аз як маротиба доир мегарданд, дар мақоми аввал аст.

Ин охирин мусобиқа аз “Силсилаи ҷаҳонӣ” пеш аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ва Олимпиадаи Токио-2020 мебошад. Зимнан, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, ки рӯзҳои 6-13-уми июн дар Будапешти Маҷористон доир мегардад, иштирок мекунанд. То ҳоло даҳ варзишгари тоҷик (9 мард ва 1 зан) барои ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон номнавис шудаанд.

Дар сабқати мардон Тоҷикистонро Шаҳбоз Саидаброров (то 60 кг), Баҳром Сӯфиев (то 66 кг), Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 73 кг), Акмал Муродов (то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни то 90 кг), Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов (ҳарду дар вазни беш аз 100 кг) ва дар сабқати занон Шукрона Қарчиева дар вазни то 48 кг намояндагӣ хоҳанд кард.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG