Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин талоши гуштигирони тоҷик барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ, ки рӯзҳои 6-9-уми май дар шаҳри Софияи Булғористон баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ, барои ба даст овардани 36 роҳхати охирин ба Олимпиадаи Токио 474 варзишгар аз 84 кишвар мубориза хоҳад бурд. Дар ин мусобиқа онҳое, ки дар ҳар вазн ба финал мебароянд, ҳуқуқи ширкат дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо мекунанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ҳафт варзишгар намояндагӣ мекунад: гуштии озод вазни 57 кг – Муҳаммад Икромов, 65 кг – Мустафо Аҳмадов, 86 кг – Баҳодур Қодиров, 125 кг - Искандари Рустам, гуштии юнониву румӣ60 кг – Фирӯз Мирзораҷабов, 77 кг – Далер Ризозода, 87 кг – Суҳроб Абдулҳаев.

Бояд тазаккур дод, дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи намуди гуштии варзишӣ 288 варзишгар (192 мард, 96 зан) ширкат меварзад ва аз рӯи 18 дараҷаи вазнӣ (гуштии озод - 6 вазн миёни мардон, 6 вазн миёни бонувон ва гуштии юнониву румӣ - 6 вазн миёни мардон) барои ҷоизаҳои олимпӣ талош хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи интихобии олимпии қораи Осиё оид ба гуштии варзишӣ, ки рӯзҳои 9-11-уми апрели соли равон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд, вале натавонистанд ба Олимпиадаи Токио роҳхат бигиранд.

Дар ин мусобиқа беш аз 200 варзишгар аз 24 кишвари Осиё барои 36 роҳхат ба Олимпиадаи Токио мубориза бурд. Дар ҳар вазн танҳо иштироккунандагони финал ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки аз 23-юми июл то 8-уми августи имсол дар Токиои Ҷопон баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд.

Бояд гуфт, ки то ҳоло ягон нафар аз Тоҷикистон дар риштаи гуштии варзишӣ (гуштии озод ва юнониву румӣ) ба Олимпиадаи Токио роҳхат нагирифтааст.

Зимнан, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар риштаи гуштии варзишӣ (гуштии юнониву румӣ, гуштии озод ва гуштии занона) ба Олимпиадаи Токио Қазоқистон 11 роҳхат, Узбекистон ва Қирғизистон 8-роҳхатӣ гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG