Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақиби “Истиқлол” дар ҳаштякфинали Лигаи қаҳрамонҳои Осиё “Персеполис” -и Эрон


Футболбозони дастаи "Истиқлол"
Футболбозони дастаи "Истиқлол"

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 дар минтақаи Ғарб, ки бо иштироки 20 даста дар панҷ гурӯҳ сурат гирифт, бо бозиҳои даври охирин шашум, рӯзи 1-уми май ба анҷом расид.

Тибқи низомнома, аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ аз ин минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро гирифтанд ва нишондодҳояшон хубтар аст, дар даври ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021, ки моҳи сентябр баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Ба ин ҳуқуқ дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ (гуруҳи “А”), “Шарҷаҳ”-и Имороти Муттаҳидаи Араб ва “Трактор”-и Эрон (гуруҳи “В”), “Истиқлол”-и Эрон (гуруҳи “С”), “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ (гуруҳи “D”), “Персеполис”-и Эрон ва “Ал-Ваҳда”-и Имороти Муттаҳидаи Араб (гуруҳи “Е”) мушарраф шуданд.

Ҳамин тариқ, дар 1/8 финали Лиги қаҳрамонҳои АFC-2021 «Истиқлол»-и Тоҷикистон бо ғолиби гуруҳи «Е» тими «Персеполис»-и Эрон, ки соли гузашта ба финали мусобиқа роҳ пайдо карда буд, рақобат мекунад. Бозӣ бояд 13 ё 14-уми сентябр дар Душанбе баргузор шавад.

Дар бозиҳои дигари 1/8 финал дар минтақаи Ғарб рӯзҳои 13-14-уми сентябр дастаҳои «Шарҷаҳ» (Иморот) – «Ал-Ваҳда» (Иморот), «Истиқлол» (Эрон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Трактор» (Эрон) рақобат хоҳанд кард.

Сабқати минтақаи Шарқ, ки ҳоло оғоз наёфтааст, дар панҷ гурӯҳ баргузор хоҳад шуд. Аз ин минтақа низ ҳашт дастаи беҳтарин ба плей-офф роҳ пайдо хоҳад кард. Дар маҷмуъ 16 даста дар ҳаштякфинали ин мусобиқаи асосии бошгоҳии қора ширкат меварзад.

Натоиҷи марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар минтақаи Ғарб:

Гуруҳи «А»

Даври 6-ум

1-уми май (ҷумъа)

“Истиқлол” – АГМК – 1:2

“Ал-Ҳилол” – “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” – 0:2

Мавқеи дастаҳо дар гуруҳи «А»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

6

3

1

2

10-8

10

2

“Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ)

6

3

1

2

11-9

10

3

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

6

2

1

3

6-6

7

4

АГМК (Узбекистон)

6

2

1

3

9-13

7

Гуруҳи “В”

Даври 6-ум

29-уми апрел (панҷшанбе)

«Пахтакор» - “Эйр Форс Клаб” – 1:0

«Шарҷаҳ» - “Трактор” – 0:2

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «В»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Шарҷаҳ» (Иморот)

6

3

2

1

9-6

11

2

“Трактор” (Эрон)

6

2

4

0

6-3

10

3

«Пахтакор» (Узбекистон)

6

1

4

1

6-8

7

4

“Эйр Форс Клаб” (Ироқ)

6

0

2

4

2-6

2

Гуруҳи “С”

Даври 6-ум

30-юми апрел (ҷумъа)

«Истиқлол» - “Ал-Шорта” – 1:0

“Ал-Дуҳайл” - «Ал-Аҳлӣ Саудӣ» - 1:1

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «С»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Эрон)

6

3

2

1

14-8

11

2

“Ал-Дуҳайл” (Қатар)

6

2

3

1

10-8

9

3

«Ал-Аҳлӣ Саудӣ» (Арабистони Саудӣ)

6

2

3

1

8-7

9

4

“Ал-Шорта” (Ироқ)

6

1

0

5

3-12

3

Гуруҳи “D

Даври 6-ум

29-уми апрел (панҷшанбе)

“Ал-Ваҳдат” - «Фулод Хуҷистон» - 1:0

«Ал-Садд» - «Ал-Наср» - 1:2

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «D»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

“Ал-Наср” (Арабистони Саудӣ)

6

3

2

1

9-5

11

2

«Ал-Садд» (Қатар)

6

3

1

2

9-7

10

3

“Ал-Ваҳдат” (Урдун)

6

2

1

3

4-7

7

4

«Фулод Хуҷистон» (Эрон)

6

1

2

3

3-6

5

Гуруҳи “Е”

Даври 6-ум

29-уми апрел (панҷшанбе)

«Персеполис» - “Ал-Райян” – 4:2

«Гоа» - “Ал-Ваҳда” – 0:2

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «Е»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Персеполис» (Эрон)

6

5

0

1

14-5

15

2

“Ал-Ваҳда” (Иморот)

6

4

1

1

7-3

13

3

«Гоа» (Ҳиндустон)

6

0

3

3

2-9

3

4

“Ал-Райян” (Қатар)

6

0

2

4

6-12

2

XS
SM
MD
LG