Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба "Истиқлол" барои ба 1/8 финали Лигаи қаҳрамонҳои Осиё роҳ ёфтан як қадам мондааст


Бозӣ миёни дастаҳои "Истиқлол"-и Тоҷикистон ва АГМК-и Олмалиқи Узбекистон.

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар бозии охиринаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021 бо бошгоҳи АГМК-и Олмалиқи Узбекистон рақобат мекунад. Ин бозӣ дар пойтахти Арабистони Саудӣ – шаҳри Риёз, дар Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд, шаби 30-юми апрел соати 23:45 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Дар бозии дигари даври охирини гурӯҳи «А» ҳамзамон дар варзишгоҳи ба номи Шоҳзода Файсал бин Фаҳди шаҳри Риёз «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ва «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай»-и Имороти Муттаҳидаи Араб рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “А” дастаи “Истиқлол” бо даҳ имтиёз дар зинаи аввал қарор дорад. Бошгоҳи “Ал-Ҳилол” низ даҳ имтиёз гирифтааст ва дар ҷойи дувум мебошад. Дастаҳои “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” ва АГМК бо чоримтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севуму чорум ҷойгир шудаанд.

“Истиқлол” ва “Ал-Ҳилол” барои ғолиби гурӯҳ шудан ва ба даст овардани роҳхат ба даври ҳаштякниҳоии мусобиқа талош меварзанд. Ба «Истиқлол» барои роҳ ёфтан ба 1/8 финали мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё бозии охиринро мусовӣ кардан кофист. Дар бозии аввали ин дастаҳо «Истиқлол» АГМК-ро бо ҳисоби 3:2 мағлуб карда буд.

Вале тимҳои “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” ва АГМК, новобаста аз натиҷаи бозиҳои даври охирин, аз роҳхат ба даври баъдӣ бенасиб монданд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 дар минтақаи Ғарб, ки бо иштироки 20 даста дар панҷ гурӯҳ сурат гирифтааст, бо бозиҳои даври охирин – шашум – 1-ум май ба анҷом мерасад.

Сабқати минтақаи Шарқ, ки ҳоло шуруъ нашудааст, низ дар панҷ гурӯҳ баргузор хоҳад шуд. Тибқи низомнома, аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро мегиранд ва нишондодҳояшон хубтар аст, дар даври ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 (дар маҷмуъ 16 даста) иштирок хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол танҳо ғолиби гуруҳи “В” маълум аст. Бошгоҳи “Шарҷаҳ”-и Имороти Муттаҳидаи Араб, ки бо 11 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад, новобаста аз натиҷаи бозии охиринаш бо “Трактор”-и Эрон ғолиби гуруҳ шуд ва пешакӣ ба даври баъдӣ роҳ пайдо кард.

Инчунин дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ал-Аҳлӣ”-и Арабистони Саудӣ (гуруҳи “А”), “Трактор”-и Эрон (гуруҳи “В”), “Истиқлол”-и Эрон ва “Ал-Дуҳайл”-и Қатар (гуруҳи “С”), “Ал-Садд”-и Қатар ва “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ (гуруҳи “D”), “Пресеполис”-и Эрон ва “Ал-Ваҳда”-и Имороти Муттаҳидаи Араб (гуруҳи “Е”) барои ба плей-офф роҳ ёфтан талош доранд.

Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

5

3

1

1

9-6

10

2

“Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ)

5

3

1

1

11-7

10

3

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

5

1

1

3

4-6

4

4

АГМК (Узбекистон)

5

1

1

3

7-12

4

Даври 6-ум

30-юми апрел (ҷумъа)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Имороти Муттаҳидаи Араб)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – АГМК (Узбекистон)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG