Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки ҳафт паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо "Kazan Grand Slam 2021"


Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони шинохтаи тоҷик.
Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони шинохтаи тоҷик.

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Kazan Grand Slam 2021", ки рӯзҳои 5-7-уми май дар Қазони Тотористони Русия баргузор мешавад, Тоҷикистонро ҳафт варзишгар намояндагӣ хоҳанд кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи "Kazan Grand Slam 2021" то имрӯз, 29-уми март, иштироки 460 варзишгар (279 мард ва 181 зан) аз 90 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.

Тоҷикистонро дар сабқати мардон Шаҳбоз Саидаброров, Абумуслим Қаюмзода (ҳарду дар вазни то 60 кг), Баҳром Сӯфиев, Алиҷон Сафаралиев (ҳарду дар вазни то 66 кг), Сомон Маҳмадбеков (то 73 кг), Акмал Муродов (то 81 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг) намояндагӣ хоҳанд кард.

Рӯзи аввали мусобиқа – 5-уми май – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон баргузор мешавад. Рӯзи дувуми мусобиқа – 6-уми май - гуштигирони вазнҳои -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа 7-уми май бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои сангин -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг миёни занон - ба поён мерасад.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Барои мақоми аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дувум 700 имтиёз ва барои ҷойҳои севум 500 имтиёз дода мешавад.

Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, охирин мусобиқае, ки имсол паҳлавонони тоҷик ширкат доштанд, қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус буд, ки рӯзҳои 6-8-уми апрел дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек – баргузор шуд. Дар ин мусобиқа ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон се зан ва ҳашт мард дохил буданд.

Гуштигирони тоҷик се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд. Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило медали нуқра гирифт. Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз шуданд.

XS
SM
MD
LG