Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё аз Деҳлӣ ба Дубай интиқол дода шуд


Акс аз бойгонӣ.

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки баргузории он дар Деҳлии Ҳиндустон ба нақша гирифта шуда буд, ҳамакнун аз 21-уми май то 1-уми июн дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб доир мегардад. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, роҳбарияти Конфедератсияи бокси Осиё вазъиятро дар робита ба пандемияи коронавирус дар Ҳиндустон дар назар дошт, ки ахиран рӯз ба рӯз бадтар мегардад. Аз ин рӯ тасмим гирифта шуд, ки мусобиқа дар Дубай гузаронида шавад.

"Маъмурияти Конфедератсияи бокси Осиё ва роҳбарияти созмон омодаанд ба ҳар дастае, ки дар бақайдгирӣ ва ҳар масъалаи дигар ба дастгирӣ ниёз доранд, кӯмак кунанд",- омадааст дар изҳороти ин созмон.

Қоидаву шароити иштирок дар мусобиқа ҳамон таврест, ки дар роҳнамои ҳайати дастаҳо, ки аввали моҳи март ба федератсияҳои миллӣ дастрас шуда буд, зикр гардидааст. Муштзанҳое, ки давоми солҳои 1980 то 2002 таваллуд шудаанд, метавонанд дар мусобиқа ширкат намоянд.

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё аз рӯи 10 дараҷаи вазнӣ миёни занон (48 кг; 51 кг; 54 кг; 57 кг; 60 кг; 64 кг; 69 кг; 75 кг; 81 кг; +81 кг) ва 10 дараҷаи вазнӣ миёни мардон (49 кг; 52 кг; 56 кг; 60 кг; 64 кг; 69 кг; 75 кг; 81 кг; 91 кг; +91 кг) сурат мегирад.

Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, барои иштирок дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2021 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар номнавис шудааст:

Занон
-51кг – Сумайя Қосимова
-51кг – Руҳафзо Ҳақназарова
-57кг – Миҷгона Самадова
-60кг – Шоира Зулқайнарова
-69кг – Нилуфар Бобоёрова

Мардон

-52кг – Иззатулло Алиев
-56кг – Бахтовар Сагизов
-60кг – Сомон Ҳабибов
-64кг – Баҳодур Усмонов
-69кг – Саидикром Амонов
-75кг – Мирзомуҳаммад Бахтиёр
-81кг – Шаббос Неъматуллоев
-91кг – Ҷасур Қурбонов
+91кг – Сиёвуш Зуҳуров

Ёдовар мешавем, ду муштзани тоҷик - Баҳодур Усмонов дар вазни 64 кг ва Шаббос Неъматуллоев дар вазни 81 кг – ба Олимпиадаи Токио роҳхат гирифтаанд. Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио аз 23-юми июл то 8-уми августи имсол баргузор мешаванд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG