Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳе дар Русия фаъолияти созмонҳои марбут ба Навалнийро қатъ кард


ФБК бо таҳқиқоти зидди фасод машғул буда дар гузоришҳои муфассали видеоиаш коррупсия дар миёни мақомдорони калон, аз ҷумла президенти Русия Владимир Путинро фош мекунад. Акс аз дачаи Путин дар Валдай. Муаллиф: ФБК
ФБК бо таҳқиқоти зидди фасод машғул буда дар гузоришҳои муфассали видеоиаш коррупсия дар миёни мақомдорони калон, аз ҷумла президенти Русия Владимир Путинро фош мекунад. Акс аз дачаи Путин дар Валдай. Муаллиф: ФБК

Додгоҳе дар Русия бо қарори додситонҳо розӣ шуд ва фаъолиятҳои созмонҳои марбут ба сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалнийро боздошт. Иван Жданов, раиси ин созмон дар як изҳороташ тавассути Твиттер рӯзи 26-уми апрел гуфт: “Онҳо бо ин қарори худ нидо мекунанд, ки “мо аз фаъолияти шумо ҳарос дорем, мо аз раҳпаймоиҳои шумо тарс дорем, мо аз овоздиҳии боҳуш дар интихоботҳо метарсем”.

Дар изҳороти Жданов инчунин хулосаҳои хаттии додситонҳо ҳам илова шудааст. Додситонии Маскав дар ин хулосаҳояш навиштааст, ки ФБК ва ду созмони дигари марбут ба Навалний, аз ҷумла, Бунёди ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандон ва дафтарҳои минтақавии Навалний “тундгаро” буда, “ба фаъолиятҳое даст мезанад, ки ба бесубот кардани вазъи иҷтимоӣ” равона шудааст. Дар заминаи баста шудани ФБК ҳанӯз қароре содир нашудааст.

Ин амали додситонҳо аз ҷониби созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсони маҳалливу байналмилалӣ маҳкум шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, ки “тундгаро” номида шудани созмонҳои Навалний ба кормандонаш бо 6 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG