Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон эмкунӣ бо воксинаи маҳаллии “ҚазВак” шурӯъ шуд


Нуқтаи воксинзанӣ зидди коронавирус дар як осорхонаи ҳунарҳои Алмаато. Зане бо воксинаи Sputnik V эм карда мешавад.
Нуқтаи воксинзанӣ зидди коронавирус дар як осорхонаи ҳунарҳои Алмаато. Зане бо воксинаи Sputnik V эм карда мешавад.

Дар Қазоқистон тақсими воксинаи сохти маҳаллии зидди COVID-19 ба аҳолӣ шурӯъ шуд. Вазири тандурустӣ Алексей Тсой нахустин шахсе шуд, ки ин воксинаро қабул кард. Воксинае бо номи “ҚазВак” (QazVac) аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи мушкилоти амнияти биологӣ таҳия шудааст ва онро давлат маблағгузорӣ мекунад. Ба гуфтаи вазири тандурустии Қазоқистон, 50 ҳазор дона воксинаи қазоқӣ аллакай дар саросари ин кишвари иборат аз 19 миллион аҳолӣ тақсим мешавад. Воксинаи “ҚазВак” аз ду воя ё доза иборат буда, дар фосилаи се ҳафта бояд ҳарду донааш гирифта шаванд. Ин воксина дар яхдонҳои маъмулӣ нигаҳдорӣ шуда метавонад.

Воксинаи Қазоқистон ҳоло аз омӯзишҳои клиникии давраи сеюм мегузарад ва ин таҳқиқот бояд то моҳи июл ба анҷом расад. Таҳиякунандаҳои “ҚазВак” гуфтанд, ки дар давраи дуюми озмоишҳо ин воксина нишон додааст, ки дар 96 % ҳолатҳо фоидаовар мебошад. Мутахассисони Маркази миллии таҳқиқоти доруворӣ гуфтанд, ки баъди гирифтани ин воксина ҳолати хастагӣ, дарди бадан ваё таб пайдо мешавад, аммо сабук мегузарад.

Тсой гуфт, дар Қазоқистон аз моҳи феврал маъракаи эмкунии зидди COVID-19 шурӯъ шудааст ва то ҳол аз 20 нафар як нафар дар ин кишвари ғанӣ аз нафт аллакай эм карда шудаанд. Аксар эмшудаҳо бо воксинаи русии Sputnik V ҳимоят шудаанд.

Мақомот дар Қазоқистон гуфтанд, ки то 26-уми апрел дар ин кишвар беш аз 309 ҳазор нафар ба коронавирус олуда шуда, аз инҳо 3570 нафар даргузаштаанд. Ҷудо аз ин омор 755 нафар бар асари пневмония ваё илтиҳоби шуши ғайримаъмулӣ бо нишонаҳои COVID-19 ҷон доданд.

XS
SM
MD
LG