Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба духтари Гулнора Каримоваи зиндонӣ иҷозаи дидор бо модарашро надоданд


Гулнора Каримова.
Гулнора Каримова.

Хабарҳои ба маҳбаси сукунатӣ интиқол додани Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримовро ҳам мақомоти маҳбасҳои Узбекистон ва ҳам духтари Гулнора Имон Каримова рад кард.

Имон Каримова, ки ахиран аз шаҳри Лондон ба Тошканд омада, қасди дидор бо модарашро дошт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки ба вай иҷозат надоданд, модарашро дар маҳбас бинад.

Пештар аз ин як маҳбуси озодшуда гуфт, овозаҳо ҳаст, ки Гулнора Каримоваро аз маҳбаси занонаи Зангиота ба маҳбаси сукунатӣ интиқол хоҳанд дод.

Гулнора Каримова, ки ба 13 солу 4 моҳи зиндон маҳкум шудааст, охири моҳи март бо ирсоли номае ба наздиконаш ишора карда буд, ки ӯро дар "маҳбас пайваста шиканҷа мекунанд".

Мақомоти додгоҳии Узбекистон Каримоваро дар саркашӣ аз пардохти андоз, ғорат, тамаъҷӯӣ ва маҳвсозии ҳуҷҷатҳои ширкатҳои офшорӣ айбдор донистанд.

XS
SM
MD
LG