Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз артиши Мянмар хостаанд, ба қатлу хушунатҳо поён бахшад


Эътирозҳо дар Мянмар аз моҳи феврал ба ин сӯ идома дорад
Эътирозҳо дар Мянмар аз моҳи феврал ба ин сӯ идома дорад

Раҳбарони кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аз артиши Мянмар (Бирма) хостанд, ба қатлу хушунатҳои баъд аз кудето ё табаддулоти моҳи феврали имсол поён бахшида, ба боздиди як ҳайати вижа аз ин кишвар иҷозат диҳад.

Ин дархост пас аз мулоқоти сарони шаш кишвар ва се вазири корҳои хориҷии Анҷумани халқҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бо генерали баландпояи Мянмар Мин Аунг Хлаинг садо дод.

Мулоқот рӯзи 24-уми апрел бо ҳадафи хотима бахшидан ба саркӯби хушунатомез алайҳи тазоҳургарони демократия дар Мянмар дар пойтахти Индонезия баргузор шуд.

Сарвазири Малайзия Муҳйиддин Ясин гуфт, умед дорад, артиши Бирма тавсияи кишварашро дар бораи фавран озод кардани маҳбусони сиёсӣ ҷиддӣ баррасӣ хоҳад кард.

Президенти Индонезия гуфт, бояд намояндаи махсуси Анҷумани халқҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ таъин карда шавад, то бо ҳама тарафҳои даргир дар Мянмар ҳамкорӣ кунад.

Нахуствазири Сингапур Ли Сян Лун аз мансабдорони Мянмар даъват кард, ба сафари фиристодаи Анҷумани халқҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид ба ин кишвар иҷозат диҳанд.

Нозирони маҳаллӣ мегӯянд, дар пайи саркӯби тазоҳургарони зидди табаддулот дар Мянмар, аз моҳи феврали имсол ба ин сӯ, беш аз 700 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG