Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи тадорукоти Токио-2020 омодагии комилашро ба Бозиҳои олимпӣ изҳор дошт


Президенти Кумитаи тадорукоти Токио-2020 Ҳашимото Сэйко ва мудири кулл Муто Тоширо.
Президенти Кумитаи тадорукоти Токио-2020 Ҳашимото Сэйко ва мудири кулл Муто Тоширо.

Рӯзи 21-уми апрел дар ҷаласаи шӯрои иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Кумитаи тадорукоти Токио-2020 омодагии комилашро ба Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ дар соли равон таъкид кард. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, акнун Кумитаи тадорукоти Токио-2020, пас аз оғози бомуваффақи эстафетаи оташи олимпӣ дар санаи 25-уми март таваҷҷуҳи асосиро ба баргузории Бозиҳои тобистонаи олимпӣ равона мекунад.

Баъд аз он ки ҳафтаи гузашта “100 рӯз то бозиҳо” ҷашн гирифта шуд, президенти Кумитаи тадорукоти Токио-2020 Ҳашимото Сэйко ва мудири кулл Муто Тоширо таваҷҷуҳи муштаракро ба чораҳои зидди COVID-19 тақвият дода, тавзеҳ доданд, ки гурӯҳи кории Токио-2020 ҳоло ба марҳилаи ниҳоии омодагӣ барои гузаронидани бозиҳои бехатар ва муваффақ ворид мешавад.

Президенти КБО Томас Бах гуфт: “Токио мисли қабл беҳтарин шаҳри омодаи олимпӣ дар тӯли таърих боқӣ мемонад. Ин нукта дар маълумоти Кумитаи тадорукот ва Комиссияи ҳамоҳангсоз, ки барои баргузории бозиҳо ҳамкории зич доранд, низ зикр шудааст. Феълан мо дар якҷоягӣ - КБО, КБП (Кумитаи байналмилалии паралимпӣ), Кумитаи тадорукот, бисёр мутахассисон дар саросари ҷаҳон, алахусус Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ сари нусхаи дуюми китоби бозиҳо, ки илмӣ, асоснок ва воқеӣ хоҳад буд, кор мекунем ва то охири ҳамин моҳ нашр хоҳад шуд”.

Ҳафтаи оянда қарор аст нусхаи дуюми китоби бозиҳо (Playbooks) барои ҳимояи иштироккунандагон ва аҳолии Ҷопон нашр шавад. Дастурҳои бозбинишуда бар пояи қоидаҳое, ки дар таҳрири аввал оварда шудаанд, такя мекунад ва тафсилоти бештарро фароҳам меорад ва ба ҷонибҳои манфиатдор имкон медиҳад омодагии худро ба Бозиҳои олимпӣ идома диҳанд.

XS
SM
MD
LG