Дар Ҷопон дар мавриди бад шудани вазъи коронавирус ба лағви Олимпиада дар Токио иҷозат дода мешавад. Дар ин бора дабири кулли ҳизби ҳокими либералӣ-демократӣ Тошихиро Никай изҳор дошт, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба расонаҳои хабарии Ҷопон.
Сиёсатмадор қайд кард, ки агар баргузории Бозиҳо амалан номумкин шавад, мақомот ба ҷуз аз даст кашидан аз онҳо дигар чорае нахоҳанд дошт.
Қаблан эстафетаи машъали олимпӣ дар Ҷопон шуруъ шуда буд. Маросим дар маркази омодагии футболи J-Village дар префектураи Фукусима, ки ҳамчун рамзи эҳёи кишвар пас аз заминларза ва сунамии харобиовари соли 2011 интихоб шудааст, оғоз ёфт.
Эстафетаи машъали олимпӣ дар тамоми 47 префектураи Ҷопон то Токио, ки Бозиҳои олимпӣ бояд дар он ҷо 23-юми июл кушода шавад, сурат мегирад.
Мувофиқи хабаргузории оҷонсии Kyodo зиёда аз се ду ҳиссаи ҷопониҳо барои бекор кардан ё ба таъхир андохтани Олимпиадаи тобистонаи Токио овоз доданд.
39,2% посухдиҳандагон мехоҳанд Бозиҳоро комилан бекор кунанд. 32,8% иштироккунандагони пурсиш ба тарафдории боз як бори дигар мавқуф гузоштани Олимпиада овоз доданд. 24,5% ҷопониҳои пурсидашуда ҷонибдори онанд, ки мусобиқот тибқи нақша баргузор шавад.
Ба иллати пандемияи коронавирус Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки бояд дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи соли 2020 баргузор мешуданд, ба муҳлати аз 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 пешбинӣ шудаанд.
20-уми марти соли 2021 маълум шуд, ки тамошобинони хориҷӣ ба Олимпиада ва Паралимпиада дар пойтахти Ҷопон роҳ дода намешаванд, пули билетҳои қаблан харидашуда баргардонида хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, то ҳоло аз Тоҷикистон ду варзишгар – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев (ҳарду дар риштаи бокс) - ба Олимпиадаи Токио-2020 роҳхат гирифтаанд.
Манижа ба пеш! Тоҷикистон ба пеш! Тоҷикон ба пеш!
Bacha asabot vairon toftaistodaast. Salomatiatro muhim dor. Bo fishori xunat baland shuda zada naaftonad.
Кай инхо сер мешавад? Хами IRS аз ки хама медонад. Миллионхо чам мекунад аз рох. Ин хам кам будааст. Кай сер мекунед? Муфт миллионхо чам мекунед. Андоз намесупоред Кай охи Кай???
Хар моха андози 80 дирамаро ки аз хар муштарии фаол меситониданд, хадамоти зидиинхисори дар охир гайриконуни эълон кард. Аммо сад афсус 'андози гайриконуни ' ба 2 сомони боло бурда шуд. Ин хизмати хирсона ба чайби касе муфт 10млн. сомони даромади зиёдати меорад.
муввафак боши! 👍💪