Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қуръакашии мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) рӯзи 13-уми апрел қуръакашии тақвими бозиҳои мусобиқаи лигаи аввал доир гардид.

Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, дар мавсими нав дар лигаи аввали Тоҷикистон, ки аз ду давра иборат аст, 12 даста ширкат меварзад: «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Саройкамар» (Панҷ), «Исфара» (Исфара), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Ҳулбук» (Восеъ), «Моҳир» (Ёвон), «Равшан» (Зафаробод), «Ҳосилот» (Фархор), «Динамо» (Душанбе) ва «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов).

Бар асоси қуръакашӣ дар нахустин даври мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон, ки рӯзҳои 24-25-уми апрел доир мегардад, дастаҳои зерин бо ҳам рақобат мекунанд:

«Ҳосилот» (Фархор) – «Равшан» (Зафаробод)

«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Ваҳдат» (Ваҳдат)

«Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Панҷшер (Ҷалолиддини Балхӣ)

«Саройкамар» (Панҷ) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

«Исфара» (Исфара) – «Динамо» (Душанбе)

«Ҳулбук» (Восеъ) – «Моҳир» (Ёвон)

Мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон рӯзи шанбе, 24-уми апрел, оғоз меёбад. Тибқи низомнома ду дастаи беҳтарин аз рӯи натиҷагирии мавсим ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи лигаи олии Тоҷикистон дар соли оянда мушарраф мешавад.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо касби 51 имтиёз ғолиб шуда, соҳиби медалҳои тилло гардид. Инчунин «Равшан» ба лигаи олӣ дар мавсими соли 2021 роҳхат гирифт.

Дастаи “Эсхата”-и Хуҷанд, ки бо касби 49 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми дувумро касб намуд, бо медалҳои нуқра сарфароз гашт ва соҳиби роҳхат ба лигаи олӣ гардид.

Дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ, ки бо касби 41 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми севумро соҳиб гашт, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.

XS
SM
MD
LG