Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали гуштигирони тоҷик дар Алмаато, вале бидуни роҳхати олимпӣ  


Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи интихобии олимпии қораи Осиё оид ба гуштии варзишӣ, ки рӯзҳои 9-11-уми апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд, вале натавонистанд ба Олимпиадаи Токио роҳхат бигиранд. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқаи интихобии олимпӣ беш аз 200 варзишгар аз 24 кишвари Осиё барои 36 роҳхат ба Олимпиадаи Токио мубориза бурданд. Дар ҳар вазн танҳо иштироккунандагони финал ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки аз 23-юми июл то 8-уми августи имсол дар Токиои Ҷопон баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд.

Тоҷикистонро дар риштаи гуштии юнониву румӣ Фирӯз Мирзораҷабов (60 кг), Шероз Очилов (6 7кг), Ҳабиб Зуҳуров (77 кг), Суҳроб Абдулҳаев (87 кг), Мирзоамин Сафаров (97 кг), дар гуштии озод Муҳаммад Икромов (57 кг), Ҷамшед Шарифов (65 кг), Ғуломҷон Шарипов (74 кг), Баҳодур Қодиров (86 кг), Искандари Рустам (125 кг) ва дар гуштии занона Ватансултон Шакаршоева (53 кг) намояндагӣ карданд.


Вале варзишгарони тоҷик натавонистанд ба финали рақобатҳо роҳ ёбанд. Фирӯз Мирзораҷабов дар гуштии юнониву румӣ дар вазни то 60 кило ва Муҳаммад Икромов дар гуштии озод дар вазни то 57 кило медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Фирӯз дар чорякфинал варзишгари Муғулистон Давабандӣ Мунх Эрдинеро мағлуб кард, вале дар нимфинал аз намояндаи Чин Сайлик Валиҳан ноком шуд. Баъдан дар қувваозмоӣ барои ҷойи севум бар намояндаи Кувайт Муҳаммад Ал-Аҷамӣ ғолиб омад.

Муҳаммад Икромов бошад, дар чорякфинал бар варзишгари туркман Розгелдӣ Сайидов пирӯз шуд, аммо дар нимфинал аз намояндаи Чин Мингҳу Лиу шикаст хӯрд. Ӯ дар рақобат барои ҷойи севум Тувшинтулда Тумебилеги муғулро мағлуб кард.

Гуштигирони тоҷик боз як имконияти ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпиро доранд. Рӯзҳои 6-9-уми май дар шаҳри Софияи Булғористон мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа низ онҳое, ки дар ҳар вазн ба финал мебароянд, ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо мекунанд.

Бояд гуфт, ки то ҳоло ягон нафар аз Тоҷикистон дар риштаи гуштии варзишӣ (гуштии озод ва юнониву румӣ) ба Олимпиадаи Токио роҳхат нагирифтааст.

Зимнан, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар риштаи гуштии варзишӣ (гуштии юнониву румӣ, гуштии озод ва гуштии занона) ба Олимпиадаи Токио Қазоқистон 11 роҳхат, Узбекистон ва Қирғизистон 8-роҳхатӣ гирифтаанд.

Ҳамакнун варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштиии варзишӣ, ки рӯзҳои 13-18-уми апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон бо иштироки 315 варзишгар аз 23 кишвари қора барпо мегардад, иштирок мекунанд.

Нахуст ба сабқат варзишгарони оид ба гуштии юнониву румӣ (13-14-уми апрел) мепардозанд. Рӯзҳои 15-16-уми апрел сабқати гуштии занона ва рӯзҳои 17-18-уми апрел сабқати гуштии озод доир мегардад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии варзишӣ барои иштирок дар қаҳрамонии Осиё-2021:

Гуштии озод

57 кг – Ҳикматулло Воҳидов
61 кг – Муҳаммад Икромов
65 кг – Мустафо Аҳмадов
70 кг – Саидҳасан Ашрафхонов
74 кг – Ғуломҷон Шарипов
86 кг – Баҳодур Қодиров
125 кг – Искандари Рустам

Гуштии юнониву румӣ

50 кг – Асламҷон Азизов
60 кг – Фирӯз Мирзораҷабов
67 кг – Шероз Очилов
72 кг – Муслиҳиддин Уроқов
77 кг – Далер Ризозода
87 кг – Тоҳирҷон Охунов
97 кг – Амирҷон Ҷӯраев

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG