Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 медали паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи кураш барои ҷоизаҳои президенти Узбекистон


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи XV байналмилалӣ оид ба гуштии кураш барои ҷоизаҳои президенти Узбекистон 4 медал (1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқа ба хотираи Ал-Ҳаким Ат-Тирмизӣ, ки дар шаҳри Тирмиз аз рӯи панҷ дараҷаи вазнҳо баргузор шуд, беш аз 150 варзишгар аз 30 кишвар ширкат дошт.

Медали тиллоро дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммадризо Қувватов дар вазни то 60 кило ба даст овард. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ Абдулазиз Ҳамроеви узбекистониро мағлуб кард.

Додохон Қурбоналиев дар вазни мутлақ бо медали нуқра мукофотонида шуд. Ҳусайн Илсоҳзода дар вазни то 73 кило ва Неъматулло Асронқулов дар вазни мутлақ медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод. Ғолиби мусобиқа дар вазни мутлақ бо 10 ҳазор доллар сарфароз гашт. Инчунин ғолибон ба ҷуз аз медал дар вазнҳои дигар бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ шуданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа

– 60 кг
1. Муҳаммадризо Қувватов (Тоҷикистон)
2. Абдулазиз Ҳамроев (Узбекистон)
3. Акобир Қурбонов (Узбекистон)
3. Канат Сеилкхан (Қазоқистон)

– 66 кг
1. Қобилҷон Ахмедов (Узбекистон)
2. Атабек Амиралӣ (Қазоқистон)
3. Руслан Бӯриев (Узбекистон)
3. Муҳаммад Юсуф Шуайиб (Афғонистон)

-73 кг
1. Собир Сапарбоев (Қазоқистон)
2. Умедҷон Абдуллоев (Узбекистон)
3. Урол Содиқов (Узбекистон)
3. Ҳусайн Илсоҳзода (Тоҷикистон)

+70 кг
1. Покизахон Камолиддинова (Узбекистон)
2. Азман Амаева (Қазоқистон)
3. Филура Эргашева (Узбекистон)
3. Гусево Владлено (Русия).

Вазни мутлақ
1. Муҳсин Ҳисомиддинов (Узбекистон)
2. Додохон Қурбоналиев (Тоҷикистон)
3. Яҳё Имомов (Узбекистон)
3. Неъматулло Асронқулов (Тоҷикистон)

XS
SM
MD
LG