Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии "Хуҷанд", "Эсхата" ва "Файзканд" дар мусобиқаи лигаи олии Тоҷикистон


Дастаҳои футболи Тоҷикистон.

Пешсафии “Хуҷанд”, “Эсхата” ва “Файзканд” дар мусобиқаи лигаи олии Тоҷикистон

Рӯзҳои 10-11-уми апрел бозиҳои даври дувуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ доир гардиданд. Дар як бозӣ мизбонон, дар як дидор меҳмонон ғолиб омаданд, ду бозӣ мусовӣ шуд.

Дастаи нави лигаи олӣ - «Эсхата»-и Хуҷанд – аввалин пирӯзӣ ба даст овард. Футболбозони Хуҷанд дар меҳмонӣ ССКА-и Душанберо бо ҳисоби 3:1 шикаст доданд. Ҳарсе голи «Эсхата»-ро легионерҳои узбек ба самар расониданд. Акобир Тураев ду гол ва Шаҳзод Абдураҳимов якголӣ заданд.

Бозии дигар миёни дастаҳои «Хатлон»-и Бохтар ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Ба голи Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 13-ум меҳмонон бо зарбаи нишонраси легионери русиягии «Хуҷанд» Артём Сердюк дар дақиқаи 77-ум посух доданд.

Ду бозии дигари даври дувум рӯзи якшанбе, 11-уми апрел, баргузор шуд. «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ бар «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Голи ягонаро Азизбек Султонов дар дақиқаи 33-юм ба самар расонид.

«Равшан»-и Кӯлоб бозиро дар майдони худ бо «Файзканд»-и Восеъ бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.

Баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа дар ҷадвал се даста - «Хуҷанд», «Эсхата» ва «Файзканд» бо чоримтиёзӣ пешсафанд.

Бояд гуфт, ки бинобар омодагӣ ва иштироки дастаи«Истиқлол»-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021 ҳамаи бозиҳои бошгоҳи Душанбе дар ибтидои мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021 ба муҳлати дертар гузаронида шуд ва дар рӯзҳои эҳтиётӣ пас аз бозгашти даста аз Арабистони Саудӣ доир мегарданд.

Бозиҳои даври севуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 16, 17 ва 18-уми апрел баргузор мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Хатлон» – «Хуҷанд» – 1:1

Голҳо: Нуриддин Ҳамроқулов, 13 (1:0). Артём Сердюк, 77 (1:1).

Беҳтарин бозигари дидор : Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

10 апрел. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 4000 тамошобин.

ССКА – «Эсхата» – 1:3

Голҳо: Шаҳзод Абдураҳимов, 3 (0:1). Акобир Тураев, 25 (0:2). Акобир Тураев, 58 (0:3). Шервонӣ Мабатшоев, 90+3 – аз пеналти (1:3).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

10 апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 150 тамошобин.

«Кӯктош» – «Истаравшан» – 1:0

Гол: Азизбек Султонов, 33.

Беҳтарин бозигари дидор: Азизбек Султонов («Кӯктош»).

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

11 апрел. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 7000 тамошобин.

«Равшан» – «Файзканд» – 0:0

Беҳтарин бозигари дидор: Азимҷон Қараев («Файзканд»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

11 апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 300 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2

1

1

0

5-2

4

2

«Эсхата» (Хуҷанд)

2

1

1

0

4-2

4

3

«Файзканд» (Восеъ)

2

1

1

0

1-0

4

4

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

1

1

0

0

1-0

3

5

«Истаравшан» (Истаравшан)

2

1

0

1

1-1

3

6

«Хатлон» (Бохтар)

2

0

2

0

2-2

2

7

«Равшан» (Кӯлоб)

2

0

1

1

0-1

1

8

«Истиқлол» (Душанбе)

0

0

0

0

0-0

0

9

«Душанбе» (Душанбе)

1

0

0

1

1-4

0

10

ССКА (Душанбе)

2

0

0

2

1-4

0

Голзанҳои пешқадам: Акобир Тураев («Эсхата») – 3 тӯб, Артём Сердюк («Хуҷанд») – 2 тӯб.

Даври 3-юм

16 апрел (ҷумъа)

Оғози бозӣ– соати 16:30

«Файзканд» – «Кӯктош»

17 апрел (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

«Хуҷанд» – ССКА

«Душанбе» – «Хатлон»

18 апрел (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:30

«Эсхата» – «Равшан»

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG