Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бори ёздаҳум дар Душанбе ниммарафони байналмилалӣ баргузор мешавад


Акс аз бойгонӣ.

17-уми апрел дар Душанбе Ниммарафони XI байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт доир мегардад. Дар ин мусобиқаи анъанавӣ дар баробари варзишгарони тоҷик давандаҳои ҳирфаӣ аз кишварҳои хориҷӣ ширкат хоҳанд кард.

Ниммарафони байналмилалӣ, ки бо тасмими раиси шаҳри Душанбе сар аз соли 2010 барпо мегардад, баҳри сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоӣ дошта доир мешавад.

Шаҳрдорӣ барои баргузории ниммарафони XI байналмилалӣ 493 042 сомонӣ (беш аз 40 ҳазор доллари ИМА) ихтисос додааст. Варзишгароне, ки дар ин ниммарафон миёни мардон ва занон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро мегиранд, бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд.

Ниммарафони Душанбе аз соли 2010 дар масофаи 21,97 км доир мегардад. Дар ниммарафони X байналмилалӣ, ки соли 2019 аз «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт шурӯъ шуда, дар майдони Дӯстӣ, дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ, ба поён расид, ҳудуди 100 варзишгар аз Тоҷикистон ва 36 давандаи ҳирфаӣ аз Австралия, Австрия, Афғонистон, Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Нидерланд, Русия, Узбекистон, Украина, Чин ва Эфиопия иштирок карданд.

Дар байни мардон Фенте Ҷирма аз Эфиопия ва дар миёни занон Даря Маслова аз Қирғизистон пирӯз шуданд. Дар байни намояндагони Тоҷикистон Меҳрангез Назарова ва Улиям Кузминова натиҷаҳои хубтар нишон дода, дар сабқати занон мутаносибан ҷойҳои панҷуму шашумро касб намуданд.

Бояд гуфт, ки ниммарафони байналмилалӣ аз соли 2014-ум ба тақвими мусобиқоти Созмони байналмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур шомил шудааст. Вале соли гузашта ниммарафони байналмилалии Душанбе бо сабаби хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон баргузор нашуд.

Натиҷаи беҳтарини варзишгарони тоҷик дар даҳ даври ниммарафони байналмилалӣ танҳо ҷойи чорум мебошад. Ҳасан Ғаффоров ду бор (солҳои 2013 ва 2016) байни мардон ва Надима Мирзоева як маротиба (соли 2010 ) миёни занон ҷойи чорумро соҳиб шуда буданд.

Ғолибони ниммарафони байналмилалӣ (2010-2019):

Мардон

2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)

2011 – Михаил Биков (Русия)

2012 – Андрей Петров (Узбекистон)

2013 – Андрей Петров (Узбекистон)

2014 – Роман Романенко (Украина)

2015 – Юрий Чечун (Русия)

2016 – Либога Вилсон (Кения)

2017 – Тилаҳун Гирма (Эфиопия)

2018 – Тефера Гоза (Эфиопия)

2019 – Фенте Ҷирма (Эфиопия)

Занон

2010 – Надежда Поволяева (Русия)

2011 – Алёна Самохвалова (Русия)

2012 – Камила Ханипова (Русия)

2013 – Александра Дулиба (Беларус)

2014 – Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон)

2015 – Юлия Чиженко (Русия)

2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)

2018 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2019 – Даря Маслова (Қирғизистон)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG