Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии Комроншоҳу Темур дар қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус


Темур Раҳимов, паҳлавони номдори тоҷик (аз рост).
Темур Раҳимов, паҳлавони номдори тоҷик (аз рост).

Ду паҳлавони маъруфи тоҷик – Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов - дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус, ки дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек – ҷараён дорад, медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Комроншоҳ дар рӯзи севуми мусобиқа – 8-уми апрел - дар вазни то 90 кило дар даври аввал бар Шодлик Тураев аз Туркманистон пирӯз шуд. Баъдан бар Ислом Бозбоеви қазоқ ғолиб омад ва ба нимфинал роҳ ёфт. Вале ӯ дар даври ниманиҳоӣ аз Шоичиро Мукайии ҷопонӣ мағлуб гашт. Комроншоҳ барои ҷойи севум бар Ҳебилиҷ Бу аз Чин дар муддати 4 дақиқа бо баҳогузории "ваза-ари" ғолиб омад ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Медали дигари биринҷӣ дар вазни то 90 кило насиби Донгҳан Гвак аз Кореяи Ҷанубӣ гардид. Давлат Бобонови узбекистонӣ, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ Шоичиро Мукайии ҷопониро шикаст дод, ба унвони қаҳрамонӣ даста ёфта, бо медали тилло мукофотонида шуд.

Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило баъди пирӯзӣ бар Юрий Краковетский аз Қирғизистон ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо кард. Вале дар нимфинал аз Ҳисаёши Ҳарасаваи ҷопонӣ шикаст хӯрд. Раҳимов барои ҷойи севум ва медали биринҷӣ бо Ерассил Кажибоеви қазоқ талош варзид. Рақобат 6 дақиқаю 22 сония идома кард ва бо баҳогузории “ваза-ари” паҳлавони тоҷик пирӯз шуд.

Дар вазни +100 кило, инчунин Сунгмин Ким аз Ҷопон барандаи медали биринҷӣ шуд. Медали тиллоро Ҳисаёши Ҳарасаваи ҷопонӣ ба даст овард. Ӯ дар финал бар Минҷонг Ким аз Кореяи Ҷанубӣ ғолиб омад.

Рӯзи 8-уми апрел боз се паҳлавони тоҷик ба рақобат пардохта, дар даври аввал ноком шуданд. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кило аз Давлат Бобонови узбекистонӣ, Мансур Раҳмон дар вазни то 100 кило аз Кайҳон Озчичека-Такагӣ аз Австралия ва Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 100 кило аз Алишер Юсупов (Узбекистон) шикаст хӯрданд.

Комроншоҳ Устопириён, паҳлавони шинохтаи тоҷик.
Комроншоҳ Устопириён, паҳлавони шинохтаи тоҷик.

Ёдовар мешавем, Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило медали нуқра ба даст овард. Ӯ дар рӯзи дувуми мусобиқа – 7-уми апрел - баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Яман ва Эрон ба нимфинал баромад ва дар даври ниманиҳоӣ Жансай Смагулови қазоқро шикаст дод. Паҳлавони тоҷик дар финал бо гуштигири номдор аз Кореяи Ҷанубӣ Чангрим Ан, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон ва ғолиби Doha Masters 2021, рақобат кард. Қувваозмоӣ бо пирӯзии Ан хотима ёфт.

Дар рӯзи дувуми мусобиқа дар Бишкек боз ду паҳлавони тоҷик – Акмал Муродов ва Ҳақназар Назаров – дар вазни то 81 кило ба рақобат пардохтанд. Акмал, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Халил Рибоҳӣ аз Қатар ғолиб омад. Вале дар даври баъдӣ аз Сайид Муллоӣ (Муғулистон) шикаст хӯрд. Акмал дар даври тасаллобахш қувваозмоиро ба Сингоҳ Ли аз Кореяи Ҷанубӣ бохт ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.

Ҳақназар Назаров низ ба сабқат аз даври дувум оғоз намуд, вале аз Мун Ҷин Ли аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус дар Бишкек ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон се зан ва ҳашт мард дохиланд. Рӯзи аввали мусобиқа - 6-уми апрел - мардон дар вазнҳои то 60 ва то 66 кило рақобат карданд. Аммо дар ин вазнҳо Тоҷикистон намоянда надошт.

Занон дар вазнҳои то 48, то 52 ва то 57 кило ба рақобат пардохтанд. Шукрона Қарчиева дар вазни то 48 кило дар даври аввал бар намояндаи Чин - Ка Ки Вонг пирӯз шуд. Вале ӯ дар даври дувум аз рақибаш Лин Чен Ҳао аз Тайбэйи Чин мағлуб гашт.

Шукрона дар даври тасаллобахш Ойсулу Мусоқуловаро аз Қирғизистон шикаст дод. Баъдан барои ҷойи севум аз Гулнур Муродбоева аз Узбекистон мағлуб шуд ва дар натиҷа мақоми панҷумро азони худ кард.

Ду бонуи дигари тоҷик - Аҳлия Муъминова ва Фазилат Гулбоева - ноком шуданд. Аҳлия дар вазни то 52 кило дар даври аввал аз намояндаи Туркманистон Гулбодом Бобомуродова мағлуб шуда, аз идомаи сабқат маҳрум гашт. Фазилат низ дар вазни то 52 кило дар даври нахуст аз Тинка Истони австриягӣ шикаст хӯрд ва ҳунарнамоияш дар ин мусобиқа хотима ёфт.

Варзишгарон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус дар Бишкек имкони касби имтиёзҳои олимпиро доранд. Барои мақоми аввал 700 имтиёз, мақоми дувум - 490 имтиёз ва ҷойҳои севум - 350 имтиёз дода мешавад.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ва Уқёнус, ки дар Бишкек то 9-уми апрел идома меёбад, 195 варзишгар (112 мард ва 83 зан) аз 29 кишвар ширкат дорад.

Варзишгарони 11 кишвар медалҳои мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ва Уқёнусро ба даст оварданд. Намояндагони панҷ кишвар – Кореяи Ҷанубӣ, Узбекистон, Чин, Ҷопон ва Қирғизистон – ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Ҳисоби дастаӣ:

  1. Кореяи Ҷанубӣ (4 тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ, 1 ҷойи панҷум, 0 – ҷойҳои ҳафтум)
  2. Узбекистон (3-2-5-3-5)
  3. Чин (3-2-5-2-0)
  4. Ҷопон (3-1-0-0-0)
  5. Қирғизистон (1-0-1-3-5)
  6. Қазоқистон (0-1-2-5-5)
  7. Тайбэйи Чин (0-1-2-3-3)
  8. Тоҷикистон (0-1-2-1-1)
  9. Австралия (0-1-1-3-1)
  10. Иморот (0-0-1-1-0)
  11. Муғулистон (0-0-1-0-0)

Барномаи мусобиқа

9-уми апрел (ҷумъа)

Мусобиқаи дастаӣ

Мардон: то 73 кг, то 90 кг, +90 кг
Занон: то 57 кг, то 70 кг, +70 кг

09:00 - рақобатҳои пешакӣ

15:00 - рақобатҳои ниҳоӣ

Эзоҳ: оғози рақобатҳо - бо вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG