Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки 11 варзишгари тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус дар Бишкек


Темур Раҳимов, паҳлавони номдори тоҷик (аз рост). Акс аз бойгонӣ.
Темур Раҳимов, паҳлавони номдори тоҷик (аз рост). Акс аз бойгонӣ.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус (Asia-Oceania Senior Championships 2021), ки имрӯз, 6-уми апрел, дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек – шуруъ мешавад, Тоҷикистонро 11 варзишгар намояндагӣ мекунад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон се зан - Шукрона Қарчиева (48 кг), Аҳлия Муъминова (52 кг), Фазилат Гулбоева (52 кг) ва ҳашт мард - Сомон Маҳмадбеков (73 кг), Акмал Муродов (81 кг), Ҳақназар Назаров (81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (90 кг), Мансур Раҳмон (-100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Хуршед Маҷидов (+100 кг) – дохиланд.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, гуштигири ҷавон Шаҳбоз Саидаброров (-60 кг) ба иллати нотобиаш аз иштирок дар ин мусобиқа даст кашид. Инчунин паҳлавонони маъруф Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) аз сабаби осеб доштан дар мусобиқаи мазкур ширкат намеварзанд.

Бар асоси қуръакашӣ, ки 5-уми апрел дар Бишкек доир гардид, рақибони варзишгарони тоҷик дар ин мусбиқа маълум шуданд.

Натоиҷи қуръакашӣ

Занон

вазни -48 кг. Даври 1-ум. Ка Ки ВОНГ (Ҳонконг, Чин) – Шукрона ҚАРЧИЕВА (Тоҷикистон);

вазни -52 кг. Даври 1-ум. Гулбодом БОБОМУРОДОВА (Туркманистон) – Аҳлия МУЪМИНОВА (Тоҷикистон);

вазни -52 кг. Даври 1-ум. Тинка ИСТОН (Австралия) - Фазилат ГУЛБОЕВА (Тоҷикистон);

Мардон

вазни -73 кг. Даври 1-ум. Сомон МАҲМАДБЕКОВ (Тоҷикистон) - Айяш АҲМАД (Яман);

вазни -81кг. Даври 2-юм. Акмал МУРОДОВ (Тоҷикистон) – Халил РИБОҲӢ (Қатар);

вазни -81кг. Даври 2-юм. Мун Ҷин ЛИ (Кореяи Ҷанубӣ) – Ҳақназар НАЗАРОВ (Тоҷикистон);

вазни -90 кг. Даври 1-ум. Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (Тоҷикистон) – Шодлик ТУРАЕВ (Туркманистон);

вазни -90 кг. Даври 1-ум. Давлат БОБОНОВ (Узбекистон) –Ҷаҳонгир МАҶИДОВ (Тоҷикистон);

вазни -100 кг. Даври 1-ум. Кайҳон ОЗЧИЧЕКА-ТАКАГИ (Австралия) –Мансур РАҲМОН (Тоҷикистон);

вазни +100 кг. Даври 1-ум. Темур РАҲИМОВ (Тоҷикистон) – Карам Бир КАРАМ БИР (Ҳиндустон);

вазни +100 кг. Даври 1-ум. Алишер ЮСУПОВ (Узбекистон) – Хуршед МАҶИДОВ (Тоҷикистон).

Варзишгарон дар ин мусобиқа имкони касби имтиёзҳои олимпиро доранд. Барои мақоми аввал 700 имтиёз, мақоми дувум - 490 имтиёз ва ҷойҳои севум - 350 имтиёз дода мешавад.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус, ки дар Бишкек чаҳор рӯз (6-9-уми апрел) идома меёбад, ширкати 195 варзишгар (112 мард ва 83 зан) аз 29 кишвар дар назар аст.

Чунонки сомонаи sport.kg хабар додааст, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус, ки дар Бишкек, дар маҷмааи варзишии «Газпром - детям» («Газпром – ба бачаҳо») доир мегардад, варзишгарон барои 15 маҷмуи медалҳо (7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни занон ва рақобатҳои дастаӣ) талош хоҳанд кард.

Барномаи мусобиқа

6-уми апрел (сешанбе)

Мардон: то 60 кг, то 66 кг
Занон: то 48 кг, то 52 кг, то 57 кг

10:00 - рақобатҳои пешакӣ

16:00 - маросими ифтитоҳи мусобиқа

17:00 - рақобатҳои ниҳоӣ

7-уми апрел (чоршанбе)

Мардон: то 73 кг, то 81 кг
Занон: то 63 кг, то 70 кг

10:00 - рақобатҳои пешакӣ

17:00 - рақобатҳои ниҳоӣ

8-уми апрел (панҷшанбе)

Мардон: то 90 кг, то 100 кг, +100 кг
Занон: то 78 кг, +78 кг

10:00 - рақобатҳои пешакӣ

17:00 - рақобатҳои ниҳоӣ

9-уми апрел (ҷумъа)

Мусобиқаи дастаӣ

Мардон: то 73 кг, то 90 кг, +90 кг
Занон: то 57 кг, то 70 кг, +70 кг

10:00 - рақобатҳои пешакӣ

16:00 - рақобатҳои ниҳоӣ

Эзоҳ: оғози рақобатҳо - бо вақти Бишкек.

XS
SM
MD
LG