Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон оғоз ёфт


Сабқати дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бо ду бозии дастаҳои лигаи олӣ рӯзи якшанбе, 4-уми апрел, шуруъ шуд. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи имсола, ки ҷашнист ва бори 30-юм доир мегардад, аз се марҳила иборат аст ва ҳар даста 27 бозӣ анҷом хоҳад дод.

Рӯзи якшанбе ду бозӣ баргузор шуд. Дастаи «Файзканд»-и Восеъ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бошгоҳи ССКА-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро дар дақиқаи 15-уми бозӣ капитан ё сарвони «Файзканд» Маҳмадалӣ Содиқов ба самар расонид. Зимнан, ин аввалин гол дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021 мебошад.

Дар бозии дигар дастаи «Хуҷанд» дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд тими «Душанбе»-ро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод. Голҳои Максим Грек, Артём Сердюк, Парвиз Боқӣ-Охунов ва Дилшод Бозоров ба «Хуҷанд» дар ибтидои мусобиқаи имсола се имтиёз оварданд.

Имрӯз, 5-уми апрел, дастаи ҷадиди лигаи олӣ - «Эсхата»-и Хуҷанд - бо тими «Хатлон»-и Бохтар рақобат хоҳад кард. Ин бозӣ дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», доир мегардад.

Бозии дигари даври аввал рӯзи сешанбе, 6-уми апрел, сурат мегирад. Дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ бо тими «Равшан»-и Кӯлоб рақобат хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки бинобар омодагӣ ва иштироки дастаи«Истиқлол»-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021 ҳамаи бозиҳои бошгоҳи Душанбе дар ибтидои мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021 ба муҳлати дертар гузаронида шуд ва дар рӯзҳои эҳтиётӣ пас аз бозгашти даста аз Арабистони Саудӣ доир мешаванд.

Тибқи низомномаи мусобиқа, дастаҳое, ки имсол дар лигаи олӣ ҷойҳои 9-ум ва 10-умро мегиранд, дар мавсими соли 2022 ба лигаи аввал мегузаранд. Ғолиб ва барандаи медалҳои нуқраи лигаи аввал дар мавсими соли оянда дар лигаи олӣ бозӣ хоҳанд кард.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 1-ум

«Файзканд» – ССКА – 1:0

Гол: Маҳмадалӣ Содиқов, 15.

Беҳтарин бозигари дидор: Маҳмадалӣ Содиқов («Файзканд»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

4-уми апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

«Хуҷанд» – «Душанбе» – 4:1

Голҳо: Максим Грек, 38 (1:0). Артём Сердюк, 42 (2:0). Дилшод Бозоров, 56 (3:0). Парвиз Боқӣ-Охунов, 69 (4:0). Анушервон Наврӯзов, 88 (4:1).

Огоҳӣ: Нозим Бобоҷонов («Хуҷанд»), Иззатулло Рӯзиев, Далер Имомназаров («Душанбе»).

Беҳтарин бозигари дидор: Максим Грек («Хуҷанд»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

4-уми апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1000 тамошобин.

5-уми апрел (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

«Эсхата» – «Хатлон»

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

6-уми апрел (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

«Истаравшан» – «Равшан»

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG