Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо аз қарори Амрико истиқбол кард ва онро муҳим номид


Фатоу Бенсуда, муфаттиши аршади Додгоҳи Ҷиноятҳои Байналмилалӣ.
Фатоу Бенсуда, муфаттиши аршади Додгоҳи Ҷиноятҳои Байналмилалӣ.

Иттиҳоди Аврупо аз қарори Амрико барои бардоштани таҳримот ба зидди додситони аршади Додгоҳи Ҷиноятҳои Байналмилалӣ изҳори хушнудӣ кард. Ҷозеп Боррел, масъули сиёсатҳои умури хориҷии иттиҳод рӯзи 3-уми апрел дар як баёнияи расмӣ гуфт:”Ин як қадами муҳимест, ки аҳди Амрико барои риояти низоми меъёрҳои байналмилалиро нишон медиҳад.”

Ӯ афзуд: “Додгоҳи Ҷиноятҳои Байналмилалӣ нақши муҳимеро ҷиҳати барқарории адолат барои онҳое мебозад, ки ҷабри ваҳшатноктарин ҷиноятҳо дар ҷаҳонро кашидаанд. Муҳофизати бетарафӣ ва мустақилияти Додгоҳи Ҷиноятҳои Байналмилалӣ барои самар ва фаъолияти муносиби додгоҳ ҳаётӣ аст.”

Аз ин пештар Иёлоти Муттаҳида таҳримот ба зидди чанде аз мақомоти баландпояи Додгоҳи Ҷиноятҳои Байналмилалиро бардошт ва аз ҷумла таҳримот ба зидди як додситонеро, ки ба зидди сарбозони амрикоӣ бо иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ дар Афғонистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 2-уми апрел дар як баёнияи расмӣ гуфт, вазорат ба ин қарор омад, ки таҳримот “номуносиб ва бесамар” будаанд.

Таҳримотро соли гузашта Майк Помпео, вазири собиқи умури хориҷӣ ба зидди додситон Фату Бенсуда ва дигар кормандони додгоҳ ҷорӣ кард. Додгоҳи Ҷиноятҳои Байналмилалиро, ки иҷоза дод, парванда бо иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ аз тарафи неруҳои Афғонистон, Толибон ва сарбозони Амрико таҳқиқ шавад, ба дахолат ба халалдор кардани истиқлолияти Иёлоти Муттаҳида муттаҳам кард. Додгоҳ ҳамчунин бо боз кардани парванда бо иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангии Исроил дар қаламравҳои Фаластиён Амрикоро асабонӣ кард.

Энтони Блинкен гуфт, бо вуҷуди бардоштани таҳримот, Иёлоти Муттаҳида амалкардҳои Додгоҳи Ҷиноятҳои Байналмилалӣ дар робита бо Афғонистону қаламравҳои фаластиниёнро қабул надорад ва мухолифи талошҳои он барои иҷрои муқаррароти худ дар Амрико ва Исроил аст. Ин ду кишвар узви додгоҳи мазкур нестанд. Айни замон ба гуфтаи ӯ, Амрико тарафдори ҳалли масоил аз тариқи ҳамкорӣ ва муколама аст.

XS
SM
MD
LG