Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус, ки рӯзҳои 6-9-уми апрел дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек – баргузор мешавад, Тоҷикистонро 11 варзишгар (8 мард ва 3 зан) намояндагӣ хоҳад кард. Инчунин дар ин мусобиқа довари дараҷаи байналмилалӣ Рамзӣ Шамиров аз Тоҷикистон ба ҳайси ҳакам ширкат меварзад. Дар ин бора сомонаи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар инҳо дохиланд: Шукрона Қарчиева (48 кг), Аҳлия Муъминова (52 кг), Фазилат Гулбоева (52 кг), Шаҳбоз Саидаброров (60 кг), Сомон Маҳмадбеков (73 кг), Акмал Муродов (81 кг), Ҳақназар Назаров (81 кг) Комроншоҳи Устопириён (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (90 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Хуршед Маҷидов (+100 кг).
Варзишгарон дар ин мусобиқа имкони касби имтиёзҳои олимпиро доранд. Барои мақоми аввал 700 имтиёз, мақоми дувум - 490 имтиёз ва ҷойҳои севум - 350 имтиёз дода мешавад.
Чунонки сомонаи sport.kg хабар додааст, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус, ки дар Бишкек, дар маҷмааи варзишии «Газпром - детям» («Газпром – ба бачаҳо») доир мегардад, варзишгарон барои 15 маҷмуи медалҳо миёни мардону занон талош хоҳанд кард. Дар мусобиқа ширкати беш аз 200 варзишгар аз 32 кишвар дар назар аст.
Барномаи мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ва Уқёнус дар Бишкек:
5-уми апрел (душанбе)
15:00 қуръакашӣ
6-уми апрел (сешанбе)
Мардон: то 60 кг, то 66 кг
Занон: то 48 кг, то 52 кг, то 57 кг
10:00 рақобатҳои пешакӣ
16:00 маросими ифтитоҳи мусобиқа
17:00 рақобатҳои ниҳоӣ
7-уми апрел (чоршанбе)
Мардон: то 73 кг, то 81 кг
Занон: то 63 кг, то 70 кг
10:00 рақобатҳои пешакӣ
17:00 рақобатҳои ниҳоӣ
8-уми апрел (панҷшанбе)
Мардон: то 90 кг, то 100 кг, +100 кг
Занон: то 78 кг, +78 кг
10:00 рақобатҳои пешакӣ
17:00 рақобатҳои ниҳоӣ
9-уми апрел (ҷумъа)
Мусобиқаи дастаӣ
Мардон: то 73 кг, то 90 кг, +90 кг
Занон: то 57 кг, то 70 кг, +70 кг
10:00 рақобатҳои пешакӣ
16:00 рақобатҳои ниҳоӣ
Мардуми Хучанд бехтарин зехният дорад. Агар Шумон гирди мо чам мешудед вазифаталаби намекардед имруз дар ба дару таги тег карор надоштед.
Шахид Мухамадбокир рухат шод бод. Худованд магфират кунад. Мард буд
Такими темпами, в ТЧ, скоро все святые и пророки померкнут по сравнения с нашим «солнцеликим пешво», гкнб всех заставит выступить по госканалам, и брать на себя даже убийство Кеннеди и Ленина одновременно
Бале, соли 2018 барои робитаҳо хуб шаванд, Боқирро ба Душанбе даъват кардан у нарафт, ғурури баландаш даъватро напазируфт. Ба ёдам ҳаст, дар як сӯҳбаташт гуфт: "Ин замин ба онҳо аз бобоҳояшон намондааст " Причем ин ҷо бобову бибӣ? Тоҷикистон давлати соҳибистиқлоле, ки марзҳояш муайян асту замини ҳамаи тоҷикистониҳост ! Ғурури баланд монеаи мувафақ шудани инсон мегардад. Мардро хоксорӣ ва сабр мезебад ва маҳз ҳамин сифатҳо ба баландиҳо мерасонанд
Захираҳои орду гандум низ «сирри давлатӣ» мешудаст, нав фахмидем. Бехтараш гуед, ки ин сири оилаи рахмонуф мебошад. Бе ичозати Шамсло ё Рахмонуф гап зада наметавонед.