Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳбоз Саидаброров дар мусобиқаи ҷудо дар Анталия ноком шуд


Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Antalya Grand Slam", ки 1-уми апрел дар Туркия оғоз ёфт, кори варзишгари тоҷик Шаҳбоз Саидаброров барор нагирифт.

Шаҳбоз бар асоси қуръакашӣ дар вазни то 60 кило ба рақобат аз даври дувум пардохт. Рақиби ӯ аз Туркия Солиҳ Йилдиз, барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 ва қаҳрамони Аврупо-2019 миёни навҷавонон, буд.

Паҳлавони ҷавони тоҷик дар муддати 2 дақиқаю 51 сония се огоҳӣ - “шидо” гирифт ва рақибаш бо баҳогузории “иппон” ғолиб дониста шуд. Ҳамин тариқ, Шаҳбоз аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Ёдовар мешавем, Шаҳбоз Саидаброров дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Tbilisi Grand Slam 2021", ки 28-уми март дар пойтахти Гурҷистон – Тбилиси – ба поён расид, дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило мақоми севумро касб намуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гашта буд. Вале дар Анталия кораш омад накард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқаи "Antalya Grand Slam" 2021 ҳамагӣ 440 варзишгар аз 93 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок доранд.

Тоҷикистонро ба ғайр аз Шаҳбоз Саидаброров, боз ду нафар - Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило - намояндагӣ мекунанд.

Ҳарду паҳлавони тоҷик дар рӯзи охирини мусобиқа – 3-юми апрел - қувваозмоӣ хоҳанд кард. Комроншоҳ дар даври аввал бо Адам Борчашвили аз Австрия вориди рақобат мешавад. Темур бошад, дар даври аввал озод аст. Вай дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Лука Кунзабо (Руминия) – Энеҷ Маринич (Словения) рақобат хоҳад кард.

Варзишгарон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Анталия ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллар, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум якунимҳазордолларӣ супурда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG