Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон дар меҳмонӣ Муғулистонро бо ҳисоби 14:0 шикаст дод


Дастаи футболи Ҷопон. Акс аз бойгонӣ.
Дастаи футболи Ҷопон. Акс аз бойгонӣ.

Тими миллии футболи Ҷопон дар бозии даври ҳаштуми марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" тими мизбон - Муғулистонро бо ҳисоби бузургтарини 14:0 шикаст дод. Ин бозӣ рӯзи 30-юми март дар маркази футболи Федератсияи футболи Муғулистон дар шаҳри Улан-Батор баргузор шуд.

Меҳмонон дар дақиқаи 13-ум бо саъйи ҳамлагар Такуми Минамино, ки ба дастаи "Саутгемптон" аз “Ливерпул” ба иҷора дода шудааст, ҳисобро боз карданд.

Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 5:0 хотима ёфт. Ҷопониҳо дар нимаи дувум боз нӯҳ гол ба самар расониданд. Ҳамлагар Юя Осако се гол зада, хет-трик кард. Шарикони ӯ дар хати ҳамла Ҷун Ито ва Киого Фурухаси, инчунин нимҳимоятгар Сиё Инагаки дуголӣ, нимҳимоятгарон Дайчи Камада, Хидемас Морита ва Такума Асано ба дарвозаи мизбонон якголӣ заданд. Як голи дигарро нимҳимоятгари мунтахаби Муғулистон Ҳаш-Эрдене Туяя ба дарвозаи дастаи худ зад.

Қаҳрамонии ҷаҳон-2022-Осиё. Гурӯҳи F. Даври 8-ум, 30-юми март

Муғулистон - Ҷопон - 0:14

Голҳо: 0:1 - Минамино - 13, 0:2 - Осако - 23, 0:3 - Камада - 26, 0:4 - Морита - 33, 0:5 - Туяя - 39 (автогол), 0:6 - Осако - 55, 0:7 - Инагаки - 68, 0:8 - Ито - 73, 0:9 - Фурухаси - 78, 0:10 - Ито - 79, 0:11 - Фурухаси - 86, 0:12 - Асано - 90+1, 0:13 - Осако - 90+2, 0:14 - Инагаки - 90+3.

Ҳоло дар гурӯҳи "F" мунтахаби Ҷопон бо 15 имтиёз аз 5 бозӣ мақоми аввалро касб намудааст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 10 имтиёз аз 6 бозӣ дар ҷойи дувум мебошад. Мунтахаби Қирғизистон, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 7 имтиёз дар ҷойи севум аст. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) мизбонони мусобиқаҳои мутамарказонидашудаи марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022-ро, ки аз 31-уми май то 15-уми июн баргузор мешаванд, тасдиқ кард.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи «F» шомил аст, бозиҳои моҳи июнро муқобили тимҳои миллии Ҷопон (7-уми июн) ва Мянмар (15-уми июн) дар Ҷопон баргузор мекунад.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2022

Сабқати интихобӣ. Маҳилаи дувум

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар ҷадвали гурӯҳи F

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ҷопон

5

5

0

0

27-0

15

2

Тоҷикистон

6

3

1

2

9-8

10

3

Қирғизистон

5

2

1

2

10-5

7

4

Мянмар

5

2

0

3

5-13

6

5

Муғулистон

7

1

0

6

2-27

3

Тақвими бозиҳои боқимонда дар гурӯҳи «F:

3-юми июн

Ҷопон – Мянмар

7-уми июн

Ҷопон – Тоҷикистон

Қирғизистон – Муғулистон

11-уми июн

Мянмар - Қирғизистон

15-уми июн

Ҷопон – Қирғизистон

Тоҷикистон – Мянмар

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳои гурӯҳи «F дар Ҷопон баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG