Ҳамаи 16 дастаи иштироккунандаи мусобиқаи ниҳоии футбол дар Олимпиадаи Токио муайян шуданд. Охирин дастаҳое, ки ба Олимпиада роҳхат гирифтанд, тимҳои миллии Гондурас ва Мексика мебошанд. Бояд гуфт, ки онҳо дастаҳои ИМА ва Канадаро ба мусобиқаи олимпии футбол роҳ надоданд.
Дар бозии ниманиҳоии интихобии Бозиҳои олимпӣ дар минтақаи Конфедератсияи футболи Амрикои Шимолӣ, Марказӣ ва кишварҳои ҳавзаи Кариб (КОНКАКАФ), мунтахаби Гондурас тими миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ мунтахаби Мексика тими миллии Канадаро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.
Ҳамин тариқ, рӯйхати ҳамаи иштироккунандагони мусобиқаи олимпии футбол дар Токио чунин аст:
• AFC - 4 даста: Ҷопон (мизбон), Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Австралия.
• УЕФА - 4 даста: Фаронса, Олмон, Руминия, Испания.
• КАФ - 3 даста: Миср, Кот-д´Ивуар (Соҳили Оҷ), Африқои Ҷанубӣ.
• КОНМЕБОЛ - 2 даста: Аргентина, Бразилия.
• КОНКАКАФ - 2 даста: Гондурас, Мексика.
• OФК - 1 даста: Зеландияи Нав.
Қуръакашии мусобиқаи футбол 21-уми апрел дар қароргоҳи FIFA доир мегардад. Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз 21-уми июл то 7-уми августи соли 2021 дар Токиои Ҷопон баргузор мешаванд.
Ҳукумат нав сарфаҳми дунё рафта истодааст, баъди 30 сол. Ана бо ки доду гирифт кардан даркор на бо Россия. Нафти аз ҳама арзон дар дунё.
Дар ҳақиқат ман ҳам пас аз дидани шарҳи Шумо аҳамият додам...
апаи Фаришта Ғаниева шояд хонаро ба ҳамин мард монда худат дар ҷои дигар (иҷора) бо фарзандони беморат рафта зиндаги мекуни агар айбро надонанд.
Сархатиб чиноят кардааст ё не, инро макомоти тафтишоти ва суди бахо медихад. Бехуда ва беасос оид ба боздоши сархатиб сухан гуфтан холо ба маврид нест. Агар чиноят содир карда бошад, гунохаш исбот шуд дар назди конун чавоб гуяд, агар бегунох бошад, бояд хатман озод шавад. Шахс барои як сухан ё фикри худоро гуфтан чавобгар намешавад. Холате, ки гуё Сархатиб дар маросими даъфни Домулло Хикматулло охиринро яке аз Пешвохо гуфта бошад, ин асос барои ба чавобгари кашидан намешавад. Инчо мумкин номбурда дигар кирдорро содир карда бошад. Агар аз акидаи равияи Салафия химоят карда бошад, тибки конунхои мо дар Точикистон равияи Салафия иттиходи экстремисти эътироф шуда, фаъолияташ манъ аст ва барои ин кирдор чавобгарии чинояти пешбини шудааст. Шумо хаматон ёд доред, ки ташкилоти террористии байналмилали бо ном "Давлати исломи", ки дар Ироку Сурия чанг кардаанд ва холо хам дар баъзе минтакахои ончо ва Афгонистон зухур доранд, асосгузорони ин ташкилот аъзоёни хамин равияи Салафия мебошанд. Яъне равияи Салафия барои мардуми мо барои мазхаби мо бегона аст.
номард бошу зинда бош !!! мардирам намондай да мардо !!! ба кадом акл ами фикр да сари ами мард задай ма намедонум . нахо ту аз чизи зана умед куни пул мол хона мардик кучодай ??