Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш медали паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Маскав


Ҷоми Ҷаҳонии самбо ба хотири “Ёдбуди Анатолий Харлампиев” дар Маскав
Ҷоми Ҷаҳонии самбо ба хотири “Ёдбуди Анатолий Харлампиев” дар Маскав

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо “Ёдбуди Анатолий Харлампиев”, ки рӯзҳои 25-26-уми март дар маҷмааи варзишии олимпии “Лужники Маскави Русия баргузор шуд, шаш медал (як тилло ва панҷ биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар Ҷоми ҷаҳонии самбо 150 варзишгар аз 15 кишвар (Арманистон, Баҳрайн, Беларус, Гурҷистон, Камерун, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Руминия, Русия, Сербия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Юнон) ширкат дошт.

Рақобатҳо миёни мардону занон оид ба самбои варзишӣ, инчунин дар намуди самбои размӣ байни мардон доир шуд. Мусобиқа аввалин бор аз рӯи дараҷаҳои нави байналмилалии вазнҳо сурат гирифт. Қаблан мусобиқот аз рӯи 9 вазн баргузор мешуд. Ҳамакнун ду вазн ихтисор гардид ва сабқати мардон дар ҳафт вазн - 58, 64, 71, 79, 88, 98, +98 кг – доир шуд. Сабқати занон низ дар ҳафт вазн-50, 54, 59, 65, 72, 80, +80-кг барпо гардид.

Дар мусобиқаи имсолаи байналмилалӣ ба хотираи поягузори самбо Анатолий Харлампиев, ки Ҷоми ҷаҳонии самбо ҳисоб меёбад ва онро ҳамасола Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) ва Федератсияи самбои Русия баргузор мекунанд, варзишгарони тоҷик шаш медал гирифтанд, ки яктоаш тилло ва панҷтоаш биринҷист.

Медали тиллоро паҳлавони маъруфи тоҷик Хушқадам Хусравов дар намуди самбои варзишӣ дар вазни то 64 кило миёни мардон соҳиб шуд. Ӯ дар финал Ҳомидҷон Муъминовро аз Узбекистон шикаст дод. Ин дувумин медали тиллои Хусравов дар мусобиқаи мазкур мебошад. Аз ин пеш ӯ соли 2015 барандаи Ҷоми ҷаҳонии самбо ба хотираи Анатолий Харлампиев шуда буд.

Дар сабқати самбои варзишӣ миёни мардон ду медали биринҷиро Акмалиддин Каримов дар вазни то 58 кило ва Садр Боев дар вазни то 88 кило соҳиб шуданд.

Инчунин се медали дигари биринҷиро паҳлавонони тоҷик дар намуди самбои размӣ гирифтанд: Меҳрубони Абдулҳақ (-64 кг),Ҷамшед Сафаров (-71 кг), Фирдавс Мирзоев (-79 кг).

Варзишгарони мунтахаби Русия дар ҳисоби дастаӣ ҳам дар самбои варзишӣ миёни мардону занон ва ҳам оид ба самбои размӣ ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд.

Дар сабқати мардон ҷойи дувум насиби мунтахаби Узбекистон ва ҷойи севум насиби мунтахаби Қирғизистон гардид. Дар сабқати занон ҷойи дувумро мунтахаби Қазоқистон ва ҷойи севумро мунтахаби Беларус ишғол карданд. Дар сабқати самбои размӣ ҷойи дувумро мунтахаби Қазоқистон ва ҷойи севумро мунтахаби Узбекистон гирифтанд.

Мусобиқаи байналмилалии «Ёдбуди Анатолий Харлампиев», ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ, аз соли 1980 гузаронида мешавад, аз соли 2009 яке аз даврҳои муҳимтарини Ҷоми ҷаҳон - Суперҷом ё Ҷоми олии ҷаҳонии самбо ба шумор мерафт.

Сар аз соли 2015 ин мусобиқа расман ягона Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад, ки бо иштироки паҳлавонони зӯртарини ҷаҳон барпо мегардад.

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо ба хотираи Анатолий Харлампиев ҷоизаҳои зиёд ба даст овардаанд. Се нафари онҳо - Далер Музофиров (соли 2008), Акмалиддин Каримов (соли 2014) ва Хушқадам Хусравов (солҳои 2015 ва 2021) - бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик моҳи декабри соли гузашта дар Ҷоми ҷаҳонии самбо ба хотираи Анатолий Харлампиев панҷ медали биринҷӣ ба даст оварда буданд. Алимуҳаммад Алиев дар ду намуд – самбои варзишӣ ва самбои размӣ - дар вазни то 57 кило бо ду медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Медали дигари биринҷиро Деваштич Убайдӣ дар намуди самбои варзишӣ дар вазни то 74 кило соҳиб гашт. Инчунин ду медали дигари биринҷиро Муҳиддин Муҳиддинов дар вазни то 68 кило ва Осмонбег Қуқаниев дар вазни беш аз 100 кило дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ гирифтанд.

XS
SM
MD
LG