Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радиои Озодӣ дар Душанбе хабарнигор меҷӯяд


Бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ки хабарнигоронаш барои радиову телевизион ва сомонаи интернетиву шабакаҳои иҷтимоӣ матлаб омода мекунанд, дар дафтари Душанбе корманд меҷӯяд.

Довталабон камаш 3-4 сол таҷрибаи корӣ ва маълумоти журналистӣ ё соҳаҳои наздик ба онро дошта, аз вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, минтақа ва ҷаҳон огоҳ бошанд.

Донистани забонҳои тоҷикиву русӣ ҳатмӣ аст, донистани забони англисӣ истиқбол мешавад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе масъул аст, бо истифода аз манбаъҳои боварбахш хабарҳоро тасдиқ кунад; матн нависад; ба маҳалҳо равад; дар студия, телефонӣ ва ё дар берун бо мардум суҳбат кунад; таҳрири матну акс ва ҷойгир кардани онҳоро дар Интернет тавонад.

Бахши дигари салоҳиятҳо, маҳорати истифода аз фанновариҳои нав ва дастгоҳҳои забти садову видео; иштирок дар пахшҳои зинда; пеш бурдани блогҳо; дарки рисолати радио ва садоқат ба меъёрҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аст.

XS
SM
MD
LG