Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳбоз дар мусобиқаи ҷудо "Tbilisi Grand Slam 2021" медали биринҷӣ гирифт


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Шаҳбоз Саидаброров, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Tbilisi Grand Slam 2021", ки дар пойтахти Гурҷистон – Тбилиси – бе ҳузури тамошобинон ҷараён дорад, медали биринҷӣ ба даст овард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Tbilisi Grand Slam 2021” 464 варзишгар (263 мард ва 211 зан) аз 80 кишвари панҷ қораи ҷаҳон ширкат дорад.

Шаҳбоз Саидабророви 21-сола, ки дар вазни то 60 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар ҷоизадори қаҳрамонии ҷаҳон-2019 аз Узбекистон Шарофиддин Лутфуллоев пирӯз шуд. Дар даври баъдӣ Каракизиди Савваи юнониро мағлуб кард. Вале дар чорякфинал аз намояндаи дигари Узбекистон – Комрон Нуруллоев шикаст хӯрд.

Паҳлавони тоҷик дар даври тасаллобахш бар Олег Вередибаи украинӣ дастболо шуд. Сипас барои ҷойи севум ва медали биринҷӣ бар рақиби 24-солаи пуртаҷрибааш Торнике Тсҷакадоеа (Ҳолланд) ғолиб омад.

Ёдовар мешавем, Шаҳбоз Саидаброров дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tashkent Grand Slam 2021”, ки авоили моҳи март дар пойтахти Узбекистон баргузор шуд, дар вазни то 60 кило мақоми панҷумро касб карда буд.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи “Tbilisi Grand Slam 2021” боз як нафар - Комроншоҳи Устопириён (дар вазни то 90 кг) - намояндагӣ мекунад. Паҳлавони маъруфи тоҷик рӯзи охирини мусобиқа – 28-уми март - рақобатро аз даври дувум шуруъ хоҳад кард. Рақибаш ғолиби ҷуфти Абдураҳмон Диао (Сенегал) – Матиас Куусик (Эстония) мебошад.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Барои мақоми аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дувум 700 имтиёз ва барои ҷойҳои севум 500 имтиёз дода мешавад.

Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Зимнан, “Tbilisi Grand Slam 2021” чаҳорумин мусобиқа аз силсилаи чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли равон мебошад.

XS
SM
MD
LG