Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушқадам Хусравов дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Маскав медали тилло гирифт


Хушқадам Хусравов.
Хушқадам Хусравов.

Варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали Ҷоми ҷаҳонии самбо «Ёдбуди Анатолий Харлампиев»-2021, ки 25-уми март дар маҷмааи варзишии олимпии “Лужники”-и Маскави Русия баргузор шуд, ду медал – як тилло ва як биринҷӣ ба даст оварданд.

Медали тиллоро паҳлавони маъруфи тоҷик Хушқадам Хусравов дар намуди самбои варзишӣ дар вазни то 64 кило миёни мардон соҳиб шуд. Ӯ дар финал Ҳомидҷон Муъминовро аз Узбекистон шикаст дод. Ин дувумин медали тиллои Хусравов дар мусобиқаи мазкур мебошад. Аз ин пеш ӯ соли 2015 барандаи Ҷоми ҷаҳонии самбо ба хотираи Анатолий Харлампиев шуда буд.

Паҳлавони дигари тоҷик Ҷамшед Сафаров дар намуди самбои размӣ дар вазни то 71 кило барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ ба хотираи поягузори самбо Анатолий Харлампиевро, ки Ҷоми ҷаҳонии самбо ҳисоб меёбад, ҳамасола Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) ва Федератсияи самбои Русия доир менамоянд.

Дар рӯзи дувуми мусобиқа, ки имрӯз, 26-уми март доир мегардад, паҳлавонони дигари тоҷик ба рақобат мепардозанд, ки дар байни онҳо варзишгарони маъруф, ба мисли Акмалиддин Каримов (58 кг), Деваштич Убайдӣ, Сорбон Сулаймонов (ҳарду дар вазни 71 кг) ва дигарон ҳастанд.

Дар Ҷоми ҷаҳонии самбо 150 варзишгар аз 15 кишвар (Арманистон, Баҳрайн, Беларус, Гурҷистон, Камерун, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Руминия, Русия, Сербия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Юнон ширкат доранд.

Рақобатҳо миёни мардону занон оид ба самбои варзишӣ, инчунин дар намуди самбои размӣ байни мардон доир мешавад. Мусобиқа аввалин бор аз рӯи дараҷаҳои нави байналмилалии вазнҳо сурат гирифтааст. Қаблан мусобиқот аз рӯи 9 вазн баргузор мешуд. Ҳамакнун ду вазн ихтисор гардид ва сабқати мардон дар ҳафт вазн - 58, 64, 71, 79, 88, 98, +98 кг – доир мешавад. Сабқати занон низ дар ҳафт вазн - 50, 54, 59, 65, 72, 80, +80 кг - барпо мегардад.

Мусобиқаи байналмилалии "Ёдбуди Анатолий Харлампиев", ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ, аз соли 1980 гузаронида мешавад, аз соли 2009 яке аз даврҳои муҳимтарини Ҷоми ҷаҳон - Суперҷом ё Ҷоми олии ҷаҳонии самбо ба шумор мерафт.

Сар аз соли 2015 ин мусобиқа расман ягона Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад, ки бо иштироки паҳлавонони зӯртарини ҷаҳон барпо мегардад.

Бояд гуфт, ки паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо ба хотираи Анатолий Харлампиев ҷоизаҳои зиёд ба даст овардаанд. Хушқадам Хусравов ду бор (солҳои 2015 ва 2021), Далер Музофиров (соли 2008) ва Акмалиддин Каримов (соли 2014) бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.

XS
SM
MD
LG