Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Маскав иштирок мекунанд


Хушқадам Хусравов
Хушқадам Хусравов

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо "Ёдбуди Анатолий Харлампиев"-2021, ки рӯзҳои 25-26-уми март дар маҷмааи варзишии олимпии “Лужники”-и Маскави Русия баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои Федератсияи самбои Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ ба хотираи поягузори самбо Анатолий Харлампиев, ки Ҷоми ҷаҳонии самбо ҳисоб меёбад ва онро ҳамасола Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) ва Федератсияи самбои Русия доир менамоянд, Тоҷикистонро варзишгарони маъруф, ба мисли Хушқадам Хусравов (64 кг), Акмалиддин Каримов (58 кг), Деваштич Убайдӣ, Сорбон Сулаймонов (ҳарду дар вазни 71 кг) ва дигарон дар намуди самбои варзишӣ миёни мардон намояндагӣ мекунанд.

Дар Ҷоми ҷаҳонии самбо 150 варзишгар аз 15 кишвар (Арманистон, Баҳрайн, Беларус, Гурҷистон, Камерун, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Руминия, Русия, Сербия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Юнон ширкат меварзанд.

Рақобатҳо миёни мардону занон оид ба самбои варзишӣ, инчунин дар намуди самбои размӣ байни мардон доир мешавад. Мусобиқа аввалин бор аз рӯи дараҷаҳои нави байналмилалии вазнҳо сурат мегирад. Қаблан мусобиқот аз рӯи 9 вазн баргузор мешуд. Ҳамакнун ду вазн ихтисор гардид ва сабқати мардон дар ҳафт вазн - 58, 64, 71, 79, 88, 98, +98 кг – доир мешавад. Сабқати занон низ дар ҳафт вазн - 50, 54, 59, 65, 72, 80, +80 кг - барпо мегардад.

Мусобиқаи байналмилалии "Ёдбуди Анатолий Харлампиев", ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ, аз соли 1980 гузаронида мешавад, аз соли 2009 яке аз даврҳои муҳимтарини Ҷоми ҷаҳон - Суперҷом ё Ҷоми олии ҷаҳонии самбо ба шумор мерафт.

Сар аз соли 2015 ин мусобиқа расман ягона Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад, ки бо иштироки паҳлавонони зӯртарини ҷаҳон барпо мегардад.

Бояд гуфт, ки паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо ба хотираи Анатолий Харлампиев ҷоизаҳои зиёд ба даст овардаанд. Се нафари онҳо - Далер Музофиров (соли 2008), Акмалиддин Каримов (соли 2014) ва Хушқадам Хусравов (соли 2015) - бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо “Ёдбуди Анатолий Харлампиев”, ки рӯзҳои 18-19-уми декабри соли 2020 дар маҷмааи хурди варзишии Лужникии Маскави Русия баргузор шуд, панҷ медал ба даст оварданд.

Алимуҳаммад Алиев дар ду намуд – самбои варзишӣ ва самбои размӣ - дар вазни то 57 кило ду медали биринҷӣ гирифт. Медали дигари биринҷиро Деваштич Убайдӣ дар намуди самбои варзишӣ дар вазни то 74 кило соҳиб шуд. Инчунин ду медали дигари биринҷиро Муҳиддин Муҳиддинов дар вазни то 68 кило ва Осмонбег Қуқаниев дар вазни беш аз 100 кило дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ соҳиб шуданд.

Тошканд – мизбони қаҳрамонии самбои ҷаҳон-2021

Тошканд мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон-2021-ро баргузор мекунад. Ин тасмим дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS), ки 24-уми март дар Маскав баргузор гардид, гирифта шуд. Мусобиқаи мазкур дар пойтахти Узбекистон аз 12-ум то 14-уми ноябр барпо мегардад.

Қаблан Маскав дар тақвими FIAS ҳамчун макони баргузории қаҳрамонии ҷаҳон номбар шуда буд. Аммо, ҳукми моҳи декабри CAS (Додгоҳи ҳакамии варзишӣ) Русияро барои даъвати мизбони мусобиқоти ҷаҳонӣ ва бозиҳои олимпӣ дар ин кишвар барои ду сол манъ кард. Дар ин росто, Федератсияи байналмилалии самбо дар якҷоягӣ бо Федератсияи самбои Русия тасмим гирифт, ки мусобиқаро ба дигар кишвар гузаронад.

«Мо барои баргузории чемпионати ҷаҳон аз Ассотсиатсияи самбои Узбекистон дархост гирифтем. Бо дарназардошти он ки Тошканд соли 2025 Бозиҳои осиёии наврасонро баргузор мекунад, ман ба Узбекистон имконияти додани мизбони ин мусобиқаро мувофиқи мақсад мешуморам», - гуфт президенти FIAS Василий Шестаков дар ҷаласаи кумитаи иҷроия.

Ин пешниҳодро аъзои кумитаи иҷроия пазируфтанд. Раиси Иттиҳоди самбои Осиё Аламҷон Муллоев гуфт, ки чемпионати ҷаҳонии самбо дар Тошканд мусобиқаи санҷишии Бозиҳои наврасони Осиё хоҳад шуд. Зимнан, мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё низ моҳи июни имсол дар Тошканд барпо мегардад.

XS
SM
MD
LG