Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Усмон Тошев: Мекӯшем бо пирӯзӣ ва бозии хуб мухлисонамонро хушҳол намоем


Усмон Тошев
Усмон Тошев

Бозии даври ҳафтуми марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Муғулистон шоми имрӯз, 25-уми март, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Мунтахаби Тоҷикистон ба бозӣ муқобили тими миллии Муғулистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе аз 19-ум то 24-уми март омодагӣ гирифт.

Дастаи мунтахаби Муғулистон, ки шоми сешанбеи 23-юми март тавассути ҳавопаймо аз Истанбули Туркия ба Душанбе омад, 24-уми март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ тамрин кард.

Пеш аз бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон 24-уми март дар маркази матбуоти Варзишгоҳи марказии Душанбе нишасти хабарӣ доир гардид.

Нахуст дар ин нишаст сармураббии мунтахаби Муғулистон Растислав Божик, мутахассис аз Словакия, дар бораи интизороти худ аз бозӣ муқобили мунтахаби Тоҷикистон ибрози назар кард ва ба суолҳои хабарнигорон посух дод.

Вай гуфт, "бозӣ бо мунтахаби Тоҷикистон барои дастаи мо дар давраи пандемияи коронавирус аввалин ба шумор меравад. Мутаассифона, мо соли гузашта ягон бор ҷамъ наомадем. Омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Тоҷикистон мо 27-уми феврал шуруъ кардем. Як моҳ дар Туркия тамрин намуда, якчанд бозии санҷишӣ анҷом додем. Мо медонем, ки мунтахаби Тоҷикистон дастаи пурзӯр аст, аммо мекӯшем ба ҳарифамон муқобилияти сахт нишон диҳем.”

Баъдан сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, "кӯшиш мекунем, ки дар иди баҳор мухлисонамонро хурсанд намоем. Мо ба бозӣ бо Муғулистон як ҳафта омодагӣ дидем ва даста ба рақобат омода аст. Бачаҳо дар тамрин худро хуб нишон доданд. Барои ман мафҳуми “қафомонда” вуҷуд надорад. Ба ҳаргуна бозӣ бояд омодагии ҷиддӣ дида шавад. Барои мо ҳеҷ гуна хотирҷамъӣ нест. Аз ин маврид истифода карда, даъват менамоям, ки ҳамаи мухлисон бо мунтахаби Тоҷикистон бошанд. Мо, дар навбати худ, тамоми қувваю маҳоратамонро ба бозӣ равона мекунем ва мекӯшем, ки бо пирӯзӣ ва бозии хуб онҳоро хушҳол намоем.”

Бозии даври ҳафтуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 оғоз меёбад. Нархи билетҳо ба ин бозӣ 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар мувофиқа бо FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ин бозиро метавонанд то 10 ҳазор мухлис дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тамошо кунанд.

Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистонро ҳакамон аз Ироқ бо раҳбарии довари FIFA Алӣ Сабоҳ Ал-Қайсӣ доварӣ хҳанд кард. Аҳмад Яъқуб Ҷумъа аз Имороти Муттаҳидаи Араб нозири доварон, Ҳамид Муъминӣ аз Эрон комиссари бозӣ таъйин шудаанд. Инчунин бозиро намояндаи Конфедератсияи футболи Осиё Жунг Ҳван Вон аз Кореяи Ҷанубӣ назорат мекунад.

Ёдовар мешавем, бозии аввали мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Муғулистон, ки 10-уми сентябри соли 2019 дар шаҳри Улан-Батор доир гардид, бо пирӯзии меҳмонон – футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Голи ягонаро ҳимоятгар Давронҷон Эргашев дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 81-ум, ба самар расонид.

Ҳоло дар гурӯҳи "F" мунтахаби Ҷопон бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Қирғизистон дар ҷойи дувум ва Тоҷикистон дар ҷойи севум қарор доранд. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили мунтахаби Муғулистон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Кӯктош»);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония), Аҳтам Назаров, Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷӯрабоев (ҳама аз «Истиқлол»), Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Алиҷон Кароматуллозода (ССКА);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов, Ислом Зоиров (ҳама аз «Истиқлол»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»), Алиҷони Айнӣ («Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова), Ҷаҳонгир Эргашев («Қизилқум», Узбекистон), Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров («Истиқлол»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).

XS
SM
MD
LG