Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба бозӣ бо Муғулистон ҷараён дорад


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев ба бозии даври ҳафтуми марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" муқобили мунтахаби Муғулистон омодагӣ мебинад. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ба рӯйхат 24 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохиланд.

Нимҳимоятгари бошгоҳи «Навбаҳор»-и Намангони Узбекистон Эҳсони Панҷшанбе ҳарчанд ба мунтахаби Тоҷикистон даъват шудааст, вале ӯ аз сабаби гирифтани кортҳои зиёдатии зард дар бозӣ муқобили мунтахаби Муғулистон иштирок намекунад.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон тағйирот ба амал омад. Ҳимоятгари дастаи «Тамбов»-и Русия Фарҳод Восиев, ки дар бошгоҳи худ осеб дидааст, дар бозӣ муқобили мунтахаби Муғулистон бозӣ карда наметавонад. Қаблан ҳангоми тамрини мунтахаби кишвар ҳимоятгар Искандар Ҷалилов лат хӯрда буд.

Бинобар ин, ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии Усмон Тошев ба даста ду ҳимоятгар – Наимҷон Иброҳимзодаро аз «Хуҷанд» ва Алиҷон Кароматуллозодаро аз ССКА-и Душанбе – даъват карданд.

Ҳамакнун мунтахаби Тоҷикистон бо ҳайати комил дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тамрин мекунад.

Бозии даври ҳафтуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 оғоз меёбад. Нархи билетҳо ба ин бозӣ 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар мувофиқа бо FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ин бозиро метавонанд то 10 ҳазор мухлис дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тамошо кунанд.

Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистонро ҳакамон аз Ироқ доварӣ хоҳанд кард. Довари FIFA Алӣ Сабоҳ Ал-Қайсӣ сардовари бозӣ таъйин шудааст. Аҳмад Яъқуб Ҷумъа аз Имороти Муттаҳидаи Араб нозири доварон, Ҳамид Муъминӣ аз Эрон комиссари бозӣ таъйин шудаанд. Инчунин бозиро намояндаи Конфедератсияи футболи Осиё Жунг Ҳван Вон аз Кореяи Ҷанубӣ назорат мекунад.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили мунтахаби Муғулистон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Кӯктош»);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония), Аҳтам Назаров, Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷӯрабоев (ҳама аз «Истиқлол»), Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Алиҷон Кароматуллозода (ССКА);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов, Ислом Зоиров (ҳама аз «Истиқлол»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»), Алиҷони Айнӣ («Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова), Ҷаҳонгир Эргашев («Қизилқум», Узбекистон), Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров («Истиқлол»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).

XS
SM
MD
LG