Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои аврупоӣ маҳдудиятҳои равуоро сахттар карданд


Дар Париж маҳдудиятҳои равуо аз рӯзи 20-уми март зиёдтар шуд.
Дар Париж маҳдудиятҳои равуо аз рӯзи 20-уми март зиёдтар шуд.

Бо авҷ гирифтани сирояти коронавируси нав чанде аз кишварҳои аврупоӣ аз рӯзи 20-уми март маҳдудиятҳои гаштугузорро зиёдтар карданд. Дар шаҳри Париж, пойтахти Фаронса ва чанд шаҳри дигари он, муассисаҳои зиёдеро бастанд, то суръати сирояти вирус кундтар шавад.

Дар Лаҳистон низ мағозаву меҳмонхонаҳо, ҳавзҳои шиноварӣ, варзишгоҳҳо ва мактабҳоро барои се ҳафта бастанд. Дар шаҳри Киев, пойтахти Украина, тамоми мағозаҳо, ба истиснои фурӯшгоҳҳои маводи ғизоиро бастанд ва мактабҳо ба таҳсили фосилавӣ гузаштанд. Дар ин кишвар ҳам теъдоди гирифторон ба бемории COVID-19 бо суръат зиёд мешавад.

Айни замон дар Бритониё, нисфе аз мардуми калонсол ваксинаи аввал ба зидди бемориро гирифтанд. Мет Ҳанкок, вазири тандурустии Бритониё гуфт, ваксинзанӣ имкон медиҳад, маҳдудиятҳои рафтуо ва фаъолиятҳои иқтисодӣ ба тадриҷ бардошта шаванд.

Дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ваксинзанӣ бо суръати кундтаре пеш меравад, чун захираи кофии ваксинаро дарёфт накардаанд. Урсула вон дер Лейен, раиси Кумиссиёни Иттиҳоди Аврупо гуфт, агар ширкати Астразенека, кишварҳои узвро бо миқдори ваъдагии ваксина таъмин насозад, фурӯши он ба хориҷро қатъ мекунад.

XS
SM
MD
LG