Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борис Бойко аз раҳбарони Русия хост, ҷосусӣ дар кишварашро бас кунанд


Борис Бойко аз раҳбарони Русия хост, ҷосусӣ дар Булғористонро бас кунанд.
Борис Бойко аз раҳбарони Русия хост, ҷосусӣ дар Булғористонро бас кунанд.

Бойко Борисов, нахуствазири Булғористон, аз Русия хост, ҷосусӣ дар ин кишварро бас кунад, вагарна дипломатҳои онро аз София меронанд. Ӯ дар ин бора рӯзи 20-уми март ва як рӯз баъд аз он суҳбат кард, ки мақомот дар ин кишвар гуруҳеро фош кардаанд, ки иттилооти махфӣ дар бораи Булғористонро ба сафорати Русия дар София медодаанд.

Додситонҳо рӯзи 19-уми март 6 нафар, аз ҷумла афсарони собиқ ва ҳозираи артиши Булғористонро ба додани иттилооти махфӣ дар бораи кишвар, НАТО ва Иттиҳоди Аврупо ба сафорати Русия муттаҳам карданд.

Булғористон, ки узви НАТО ва Иттиҳоди Аврупо аст, аз моҳи октябри соли 2019 то кунун 5 дипломат ва кормандони сафорати Русияро бо иттиҳоми ҷосусӣ ва ҷамъоварии иттилооти махфӣ аз София ихроҷ кард.

Бойко Борисов гуфт: “Бори дигар зарур мешавад, ки дипломатҳои Русияро афроди нохоста дар кишвар эълон кунем. Бо амалиёти дирӯза ман ба раҳбарони онҳо муроҷиат мекунам, ҷосусӣ дар Булғористонро бас кунанд.

Сафорати Русия рӯзи 19-уми март иддаоҳо дар бораи ҷосусиро рад кард ва гуфт, ин корҳо бахше аз “талошҳои пай дар пай барои ба варта андохтани муколамаи Русияву Булғористон ва аҳримансозии дигарбораи кишвари мо аст”.

Амрико ва Бритониё рӯзи 20-уми март гуфтанд, дар муқобили амалҳои “бадхоҳона”-и Русия дар канори Булғористон меистанд.

XS
SM
MD
LG