Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сухангӯйи вазорат: Табибони Русия машғули таҳқиқ дар Тоҷикистон ҳастанд


Мутахассисони "Роспотребнадзор" субҳи 16-уми март ба Душанбе расидаанд. Акс аз сафорати Русия дар Тоҷикистон
Мутахассисони "Роспотребнадзор" субҳи 16-уми март ба Душанбе расидаанд. Акс аз сафорати Русия дар Тоҷикистон

Як гурӯҳ аз мутахассисони "Роспотребнадзор" дар Тоҷикистон ҳамчунон машғули дақиқ кардани вазъи гирифторӣ ба бемории COVID-19 будаанд. Танҳо баъд аз анҷоми фаъолияти онҳо рӯшан хоҳад шуд, ки Русия марзҳояшро ба рӯйи сокинони Тоҷикистон мекушояд, ё не.

Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯйи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 19-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, “таърихи анҷоми маъмурияти онҳо дақиқ нест. Азбаски кори онҳо идома дорад, ҳанӯз наметавонем бигӯем, ки ба чӣ натиҷа расиданд”.

Дар Вазорати тандурустӣ гуфтанд, коршиносон дар чанд рӯзи охир бо вазъи беҳдоштӣ ва кори озмоишгоҳҳо дар минтақаҳои Тоҷикистон ошно шуданд.

Дар ҳамин ҳол як манбаъ дар сафорати Русия дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, сафари ин ҳайат аз сӯи Вазорати тандурустӣ танзим карда мешавад. “Баъд аз анҷоми сафар аз Русия матни гузориши ниҳоии ин ҳайатро дарёфт карда, сипас, ҷомеаи Тоҷикистонро аз он огоҳ мекунем. Феълан гуфта наметавонем, ки бардошти ҳайат аз сафар ба Тоҷикистон чӣ аст”, -- афзуд мусоҳиби мо.

Мақомоти Русия қаблан гуфта буданд, ки мутахассисони “Роспотребнадзор” вазъи эпидемиологиро дар Тоҷикистон месанҷанд ва хулосаи онҳо дар Ситоди пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус баррасӣ мешавад. Танҳо баъд аз тасдиқи натиҷаҳои сафари ин ҳайат, Ситоди Русия метавонад дар бораи иҷозаи сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кишвар тасмим бигирад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз оғози соли ҷорӣ пайваста дар бораи сабт нашудани мавридҳои гирифторӣ ба коронавирус хабар медиҳад. Омори мақомот дар бораи беморон ва қурбониён аз оғози пандемия шубҳаву гумонҳоро дар пай дорад. Баъзе аз мутахассисон мегӯянд, омори расмӣ дар бораи коронавирус вазъи воқеиро пурра бозгӯ намекунад.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, дар нишасти хабарии моҳи феврал чунин гумонҳоро рад, гуфта буд, "барои исбот бигзор оянд ва вазъро аз наздик бинанд."

XS
SM
MD
LG