Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Файзканд" барандаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон шуд


Дастаи “Файзканд”-и Восеъ, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд, ғолиби мусобиқаи Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 гардид. Бозии ниҳоӣ имрӯз, 19-уми март, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи имсола 11 даста - «Истаравшан» (Истаравшан), ССКА, «Душанбе-83» (ҳар ду аз Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Хатлон» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Файзканд» (Восеъ), «Эсхата» (Хуҷанд), ҳамчунин ҳайатҳои ҷавонони «Истиқлол»-и Душанбе, «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) – иштирок карданд. Умуман дар доираи мусобиқа 20 бозӣ анҷом дода шуд.

Ҳамаи ҷойҳои ифтихории Ҷоми ЛФТ-2021-ро намояндагони вилояти Хатлон соҳиб шуданд. “Файзканд”-и Восеъ дар финал “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуда, барандаи Ҷом гардид. Дар бозӣ барои ҷои сеюм “Хатлон”-и Бохтар бар мунтахаби наврасони кишвар бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Ташкилкунандагони мусобиқа беҳтарин бозигаронро муайян карданд. Ҷоизаи беҳтарин дарвозабон насиби Куайе Годсон (“Хатлон”) гардид. Доробҷон Эргашев (“Файзканд”) беҳтарин ҳимоятгар дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин нимҳимоятгарро Хусрав Тоиров (тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон) ба даст овард. Беҳтарин ҳамлагар Наврӯз Рустамов (“Равшан”) ва беҳтарин бозигар Маҳмадалӣ Содиқов (“Файзканд”) эътироф гардиданд.

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон аз соли 2019 бори сеюм баргузор шуд. Аввалин барандаи Ҷоми ЛФТ дастаи ССКА мебошад. Соли гузашта ин ҷоиза насиби дастаи “Истаравшан” шуда буд.

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021

Бозӣ барои ҷойи сеюм

«Хатлон» – Тоҷикистон (U-17) – 1:0

Гол: Нуриддин Ҳамроқулов, 45+1.

Беҳтарин бозигари дидор: Куйе Годсон («Хатлон»).

Финал

«Равшан» – «Файзканд» – 1:3

Голҳо: Маҳмуд Пиров, 4 – ба дарвозаи худ (1:0). Ҳасан Рустамов, 18 – ба дарвозаи худ (1:1). Далер Шомуродов, 73 – ба дарвозаи худ (1:2). Абдухалил Боронов, 82 (1:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Доробҷон Эргашев («Файзканд»).

19-уми март. Гулистон. Варзишгоҳи «Баҳористон-1». 500 тамошобин.

XS
SM
MD
LG