Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон, Амрико ва Афғонистон ҳамкориҳои амниятиро баррасӣ карданд


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар ва муовини котиби давлатии ИМА дар масъалаҳои сиёсӣ Дэвид Ҳейл дар як ҷаласаи видеоӣ ҷараёни ҳамкориҳои сеҷонибаро барои тақвияти амният ва густариши ҳамкориҳо баррасӣ карданд. Дар ин бора рӯзи 17 март Департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфтаи ин манбаъ, "ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамшарикӣ ва ҳамкорӣ дар роҳи мусоидат ба сулҳи пойдор, амният ва рушди иқтисодӣ иброз доштанд." Дар паём гуфта мешавад, ки ширкаткунандагони ҳамоиш масъалаҳои ҳамкории се кишварро дар риштаҳои сиёсат, амният, иқтисодиёт, энергетика, рушди захираҳои инсонӣ баррасӣ карданд. "Масъалаҳои мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳкими марз самтҳои асосии ҳамкории ҷонибҳо мебошанд", - таъкид мекунад вазорат. Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти Русия аз ҷамъомади мусаллаҳони марбут ба гуруҳи ваҳшатафкани «Давлати исломӣ» ва Толибон дар наздикиҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳори нигаронӣ мекунанд ва мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, дар байни онҳо афроди марбут ба ҳизби мамнуъи Наҳзати исломӣӣ Тоҷикистон низ вуҷуд доранд. Вале сарони ҳизб ин иттиҳомро қатъиян рад кардаанд. ИМА дар таҳкими амнияти марзи байни Тоҷикистону Афғонистон саҳми ҷиддӣ гузоштааст ва ин ҳамкориро идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG